500 сомонӣ туҳфаи ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯи варзишкор

Тибқи ҷадвали қабули шаҳрвандон имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ донишҷӯи бахши дуюми факултети металлургия Эсанов Фирӯзро қабул намуданд. Эсанов Фирӯз арз намуд, ки варзишкор асту дар чандин мусобиқаҳои варзишӣ ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардидааст, ҳамзамон номзад ба устоди варзиш нест ҳасту алъон барои ширкат дар мусобиқаи варзишии байналмилалӣ омодагӣ мебинаду аз донишкада умеди мусоидат дорад.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯ Эсанов Фирӯз ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ширкати фаъол дар чорабиниҳои варзишӣ 500 сомонӣ мукофотпулӣ доданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои қабули шаҳрвандон ва донишҷӯён ҳар ҳафта баргузор мегардад ва хоҳишмандон метавонанд, бо сабти номи хеш дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули ректори донишкада роҳ ёбанд.
Шуъбаи иттилоот