Семинари илмӣ-назариявӣ дар кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ

Имрӯз, дар кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ семинар оид ба Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва мутахассисон аз ҳама кафедраҳо ширкат варзиданд.

Дар семинар нахуст Ҷалолова Ш.А. суханронӣ намуда, нахуст бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”-ро шарҳ дода, оид ба тағйир ва корбурди имло ва ҳамчунин вожаҳои соҳавӣ ба ҳозирин маълумот дод.

Ҳамчунин омӯзгори ҳамин кафедра Нурматова М.Р. низ суханронӣ намуда, ба ҳозирин қоидаҳои истифода баъзе вожаву истилоҳотро фаҳмониданд.

Дар интиҳои семинари мазкур байни омӯзгорон андешаронӣ сурат гирифт, ки чорабиниро боз ҳам ҷолибтар гардонид.

М. Сайидзода