Сафи донишҷӯёни китобдӯст дар донишкада меафзояд

Имрӯз, 3 гурӯҳ донишҷӯёни курсҳои 3 ва 1 бо ҳамроҳии мураббиён Ҳоҷибоев Д., Баротова С., Абдураҳмонова А. вақти худро дар китобхонаи донишкада гузарониданд. Донишҷӯён аз китобхона китобҳои зарурии хешро дастрас намуда, бо худ гирифтанд. Қабл аз дархости донишҷӯён ба  гирифтани китоб мураббиён роҷеъ ба аҳмияти китобхонӣ ва зарурати аз худ намудани илмҳои мусоир суханронӣ намуда, донишҷӯён барои илмомӯзӣ тарғибу ташвиқ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дастури ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дода шуд ва ҳоло ин ба як анъана дар донишкада табдил гардидааст.

Шуъбаи иттилоот