САНОАТИКУНОНИИ ТОҶИКИСТОН: ТО СОЛИ 2021 ЧӢ КОРҲО СУРАТ ГИРИФТААСТ. Агентии иттилоотии Россия «Sputnik» тасвирбаён тартиб дод

Дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръати иқтисодиёт чорумин ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат эълон шудааст. Ҷумҳурии мо саъй дорад, ки то соли 2030 аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёбад.

Барои саноатикунонии Тоҷикистон махсус Стратегияи миллӣ таҳия шудааст, ки мувофиқи он то соли 2030 ҳиссаи саноат дар сохтори ММД бояд то 21% афзоиш ва ҳиссаи кишоварзӣ то 17% коҳиш ёбад.

Саноати коркард асоси иқтисодиёти Тоҷикистон буда, 61,7%-и онро ташкил медиҳад. Бахши энергетика бо 23,7% дар ҷои дуввум, бахши истихроҷ дар ҷои сеюм (13,9%) ва бахши обёриву обтаъминкунӣ (0,7%) дар мақоми чорум мебошанд.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон асосан бар се рукн — истихроҷи маъдан, неруи барқ ​​ва хӯрокворӣ асос ёфтааст. Ғайр аз ин, саноати сабук, сохтмон ва мошинсозӣ саҳми назаррас доранд. Соҳаи ангишт, нашриёт ва нафту газ дар ҷумҳурӣ камрушд мебошанд.

Аз оғози истиқлол шумораи корхонаҳо дар Тоҷикистон меафзояд.

Ҳамин тавр, агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 358 корхона мавҷуд бошад, пас соли 2011 шумораи онҳо то 954 адад афзуда, соли 2014 он аз ҳазор гузаштааст. Соли гузашта дар кишвар тақрибан 2,3 ҳазор корхона фаъолият дошт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки то соли 2027  3,5 ҳазор ширкати саноатӣ ба истифода диҳад.

Дар зер инфографикаеро меорем, ки онро агентии иттилоотии Россия «Sputnik» дар асоси маълумоти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб додааст.

Манбаъ:  https://khovar.tj/2021/03/sanoatikunonii-to-ikiston-to-soli-2021-ch-kor-o-surat-giriftaast-agentii-ittilootii-rossiya-sputnik-tasvirbayon-tartib-dod/