“Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ” ба китобхонаи донишкада ворид шуд

Директори китобхонаи илмӣ-электронии донишкада Ӯзбекова Баҳриниссо иттилоъ дод, ки раёсати донишкада 35 адад китоби “Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ”-ро барои истифодаи донишҷӯён харидорӣ намудааст. Муаллифони асари мазкур  Абдухолиқзода Л., Мирзозода Н., Исвализода С.,Ҷаъфарӣ А., Саматов С​ . мебошанд ва ин дастур соли 2022 дар шаҳри Душанбе бо фарогирии  528 саҳифа ба нашр расидааст.

Донишҷӯён метавонанд барои донишҳои худро такмил додан, ин асарро мутолиа намоянд.