Рӯзи Артиши миллӣ дар ДКМТ

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он нахуст ректори донишкада муҳтарам Фозилзода Мухтор Муродалӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ин санаи муҳими таърихӣ ва барои ҷомеаи кишвар арзишманд табрику таҳният намуданд.

Муҳтарам Фозилзода М.М қайд намуданд, ки дар партави сиёсатҳои давлатсозии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артиши кишвар ба як нерӯи қавӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфт, ки имрӯз боиси фахри мост.

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур ректори Донишкада муҳтарам Фозилзода М. М барои фаъолияти пурсамар ва саҳм гузоштан дар рушди кишвар ба устодон ва донишҷӯён ифтихорномаву сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравиро супориданд.

Сипас барномаи фарҳангии таҳиянамудаи ҳайати санъаткорони ДКМТ пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки устодон ва ширкаткунандагон бо рӯҳияи баланд онро хуш истиқбол намуданд.