РӮДАКӢ — ҚОФИЛАСОЛОРИ НАЗМИ ТОҶИКУ ФОРС

Маврид ба зикр аст, ки таърихи адабиёти тоҷик бо номи садҳо шоиру нависандагони бузург саршор аст, аммо дар байни онҳо ҷойгоҳи Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ ба таври хосса баланд мебошад. Ӯ на танҳо яке аз аввалин шоирони бузурги адабиёти форсии тоҷикӣ, балки асосгузор ва устоди нахустини ин адабиёт ба шумор меравад. Аз ҳамин ҷост, ки ӯро «Одамушшуаро», «Султони шоирон», «Устоди шоирон» ва «Қофиласолори назми тоҷику форс» номидаанд. Хидмати Рӯдакӣ дар ташаккул ва рушди забону адабиёти тоҷик ба дараҷае бузург аст, ки номи ӯ бо оғози адабиёти классикии тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад.
Рӯдакӣ дар соли 858 мелодӣ дар деҳаи Рӯдаки шаҳри Панҷакент ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, ба дунё омадааст. Ӯ аз овони ҷавонӣ ба илму дониш, шеър ва мусиқӣ шавқи зиёд дошт. Сарчашмаҳои адабӣ ӯро шахси дорои истеъдоди фавқулода тасвир мекунанд. Бо гузашти вақт истеъдоди шоирии ӯ рушд карда, Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён ба мақоми баланд расид. Давраи ҳукмронии Сомониён яке аз давраҳои муҳимтарини рушди фарҳанг ва адабиёти форсии тоҷикӣ буд ва Рӯдакӣ дар маркази ҳамин ҳаракати бузурги фарҳангӣ қарор дошт.
Таъкид намудан зарур аст, ки асри IX–X дар таърихи миллати тоҷик давраи шукуфоии илму адаб ба шумор меравад. Дар замони Сомониён шаҳрҳое чун Бухоро, Самарқанд ва дигар марказҳои Мовароуннаҳру Хуросон ба марказҳои илмию фарҳангӣ табдил ёфта буданд. Забони форсии дарӣ мавқеи муҳим пайдо карда, барои рушди адабиёти бадеӣ заминаи мусоид фароҳам омад.
Дар чунин муҳит истеъдоди Рӯдакӣ ба камол расид. Ӯ ба дарбори Сомониён роҳ ёфта, ба яке аз маъруфтарин шоирони замон табдил ёфт. Шеъри ӯ на танҳо барои дарбор, балки барои ҷомеа аҳаммияти калон дошт. Рӯдакӣ дар ашъори худ масъалаҳои муҳими ҳаёти инсон — дӯстӣ, муҳаббат, некӣ, адолат, дониш, хирад, ватандӯстӣ ва гузаштани умрро баён мекард.
Яке аз хизматҳои бузурги Рӯдакӣ дар он буд, ки ӯ имкониятҳои забони форсии дариро барои баёни андешаҳои гуногун нишон дод. Шеъри ӯ равон, содда ва фаҳмо мебошад. Маҳз ҳамин хусусиятҳо боис гардиданд, ки ашъори ӯ миёни мардум маҳбубияти зиёд пайдо кунад. Тибқи арзёбии муҳаққиқон Рӯдакӣ бо истифодаи забони равону ноби форсии тоҷикӣ ба ташаккули забони адабӣ саҳми бузург гузоштааст.
Мероси адабии шоир ва Ҳакими бузург Рӯдакӣ хеле зиёд будааст, вале қисми зиёди осори ӯ то замони мо омада нарасидааст. Дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ҳаҷми осори ӯро ба таври гуногун зикр намудаанд. То ба замони мо танҳо қисме аз мероси гаронбаҳои шоир боқӣ мондааст.
Бо вуҷуди ин, ҳамон пораҳои боқимонда низ нишон медиҳанд, ки Рӯдакӣ шоири дорои ҷаҳонбинии васеъ ва андешаи амиқ будааст. Ӯ дар шеър масъалаҳои гуногуни зиндагии инсонро ба миён гузоштааст.
Яке аз мавзъҳои муҳим дар ашъори Рӯдакӣ инсон ва ахлоқи инсонӣ мебошад. Шоир одамонро ба некӣ, ростӣ, дӯстӣ ва саховат даъват мекунад. Ба андешаи ӯ, инсон бояд умри худро ба корҳои нек сарф намояд ва барои дигарон манфиат расонад.
Мавзуи дигар илму дониш ва хирад мебошад. Рӯдакӣ ба дониш ҳамчун воситаи расидан ба камолоти инсонӣ менигарад. Аз ашъори ӯ бармеояд, ки инсон бе дониш ва таҷриба наметавонад, роҳи дурусти зиндагиро пайдо кунад.
Дӯстӣ ва рафоқат низ дар эҷодиёти шоир ҷойгоҳи муҳим доранд. Ӯ дӯстии самимӣ ва муносибати нек байни одамонро яке аз арзишҳои асосии ҳаёт медонад. Ҳамзамон, Рӯдакӣ аз кина, ҳасад ва душманӣ дурӣ ҷустанро талқин менамояд.
Дар ашъори ӯ инчунин ватандӯстӣ ва муҳаббат ба зиндагӣ ба таври равшан эҳсос мешавад. Шоир зебоиҳои табиат, баҳор, гулу гиёҳ, ҷавонӣ ва шодии зиндагиро бо суханони зебо тасвир мекунад.
Бояд қайд намуд, ки бузургии Рӯдакӣ танҳо дар мавзуи шеърҳои ӯ нест. Яке аз сабабҳои асосии ҷойгоҳи баланди ӯ маҳорати шоирӣ ва санъати суханаш мебошад. Шоир тавонист забони шеърро соддаву равон ва ҳамзамон таъсирбахшу ба дил наздик гардонад.
Дар ашъори ӯ ташбеҳ, истиора, муқоиса ва дигар санъатҳои бадеӣ ба таври табиӣ истифода шудаанд. Шеърҳои ӯ бо вазну оҳанги хуш ба хонанда таъсири амиқ мегузоранд. Аз ин рӯ, шеъри Рӯдакӣ на танҳо барои хондан, балки барои қироат ва шунидан низ хеле мувофиқ аст.
Тавре дар боло гуфтем, яке аз хусусиятҳои муҳими эҷодиёти Рӯдакӣ содагии баён мебошад. Ӯ андешаҳои мураккабро бо суханони равшан баён мекард. Ин хусусият боис гардид, ки шеърҳои ӯ дар давраҳои гуногун барои хонандагон фаҳмо ва таъсирбахш боқӣ монанд. Муҳаққиқон имрӯз низ ба равонӣ, неруи сухан ва мазмунҳои инсонпарваронаи ашъори Рӯдакӣ таъкид мекунанд.
Яке аз намунаҳои машҳури эҷодиёти Рӯдакӣ шеъри «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» мебошад. Ин шеър дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун намунаи барҷастаи таъсиргузории сухани шоир маъруф аст. Дар он муҳаббат ба Бухоро, табиати зебо ва эҳсоси ватанпарастӣ ифода ёфтааст.
Маъруфияти ин шеър нишон медиҳад, ки Рӯдакӣ тавонистааст эҳсосоти инсонро бо суханҳои содда, вале пуртаъсир баён намояд. Шеъри ӯ танҳо тасвири табиат нест, балки эҳсоси муҳаббат ба сарзамин, ёди ҷойҳои азиз ва қадршиносии неъматҳои зиндагӣ мебошад.
Ҳамин гуна шеърҳо Рӯдакиро ба яке аз асосгузорони суннати ғиноӣ ва лирикии адабиёти форсии тоҷикӣ табдил доданд. Роҳи эҷодии ӯ баъдтар аз ҷониби шоирони бузурги асрҳои минбаъда идома ёфт.
Аҳаммияти осори Рӯдакӣ бо замони зиндагии ӯ маҳдуд нашуд. Офаридаҳои ӯ ба рушди минбаъдаи адабиёти форсии тоҷикӣ таъсири бузург расонд. Шоирони баъдӣ аз сабку услуб, мавзуъҳо ва андешаҳои ӯ истифода бурда, анъанаҳои адабии варо идома доданд.
Дар асрҳои баъдӣ адабиёти форсии тоҷикӣ бо номи бузургоне чун Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва ҳазорон бузургони дигар боз ҳам ғанӣ гардид. Аммо дар ин силсилаи бузурги адабӣ номи Рӯдакӣ ҳамчун яке аз нахустин устодони ин роҳ ҳамеша ҷойгоҳу мақоми баландро доро мебошад.
Аз ин ҷиҳат, унвони «Қофиласолори назми тоҷику форс» ба мақому хидмати таърихии ӯ бахшида шудааст. Рӯдакӣ пешсафи корвони бузурги адабиёти форсии тоҷикӣ буд ва пас аз ӯ шоирони зиёде ҳамин роҳро идома доданд.
Рӯдакӣ имрӯз низ барои мардуми тоҷик ва тамоми форсизабонон шахсияти бузурги адабиву фарҳангӣ ва ҳакими бузург фарҳангсоз дониста мешавад.
Номи Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолори назми тоҷику форс дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд. Ӯ ба корвони бузурги шеъри форсии тоҷикӣ роҳ кушод ва баъд аз ӯ шоирони бузург ин роҳро идома доданд. Имрӯз омӯзиши ҳаёт ва осори Рӯдакӣ барои шинохти таърихи забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷик аҳаммияти бузург дорад.
Рӯдакӣ танҳо шоири як давру замон нест. Ӯ шоири инсонсоз, тараннумгари зиндагии шоиста ва арзишҳои ҷовидонаи башарист. Аз ҳамин сабаб, сухани ӯ баъд аз садсолаҳо ҳам ба дили хонанда роҳ меёбад ва номи ӯ ҳамчун яке аз поягузорони адабиёти тоҷик дар хотираи миллат ва фарҳанги ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.
О. Зардуштмеҳр
мутахассиси шуъбаи иттилооти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон