Дар раванди рушди тамаддуни башарӣ шахсиятҳое ҳастанд, ки бо андеша ва осори худ на танҳо ба адабиёт, балки ба илмҳои иҷтимоӣ ва идоракунии ҷомеа низ таъсир расонидаанд. Яке аз чунин шахсиятҳо устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858–941) — сардафтари адабиёти классикии тоҷик мебошад. Ӯ на танҳо шоир, балки мутафаккир ва ҳикматомӯз буд, ки дар асрҳои IX–X ақидаҳои инсонпарварӣ, донишомӯзӣ, хирадгароиро тарғиб мекард.
Бо мақсади арзёбии мероси устод Рӯдакӣ ва тарғиби осори ӯ, дар Тоҷикистони азизамон 22 сентябр ҳамчун Рӯзи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил мегардад. Ин сана ба хотири қадр кардани шахсият ва осори фарҳангии устод, ҳамчунин баланд бардоштани маърифати толибилмон мебошад.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ суханварест, ки ҳанӯз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва устоди бузурги шоирон эътироф шудааст. Ӯро муосиронаш ҳангоми дар қайди ҳаёт будан чун пешвои аҳли адаб шинохтаанд. Унвонҳои қофиласолорои назм, соҳибқирони шоирӣ, маликушшуаро ва одамушшуаро ба ин далеланд.
Дар панду андарз ва ҳикматҳои Рӯдакӣ мазмунҳои умумиинсонӣ, аз қабили тарғиби илму дониш, раҳму шафқат, рафоқату дӯстӣ ва кӯшишу кор ҷои асосиро мегиранд. Шоир бо ин роҳ дар тарбия намудани инсони комил ва парвардани ахлоқи хуб то имрӯз ҳисса мегузорад. Устод Рӯдакӣ ақида дорад,ки барои дарки ҳақиқати зиндагӣ кас бояд ақлу донишро кор фармояд. Вай ба воқеаю ҳодисаҳо бо чашми хирад нигариста, кӯшиш намояд, ки моҳияти онро фаҳмад, ба дидани намуди зоҳирӣ нашавад, аз мушоҳидаҳои воқеаҳо ба хулосаҳои рӯякӣ фирефта нагардад. Ӯ ақлу донишро ба тарзи шоирона чашми дил меномад ва панд медиҳад:
Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,
Кӣ чашми сари ту набинад ниҳон.
Бад-ин ошкорат бубин ошкор,
Ниҳонетро бар ниҳонӣ гумор.
Азбаски Рӯдакӣ таҷрибаи зиндагиро нахустмуаллим ва роҳбари асосии инсон барои пешрафт ва ҳалли мушкилиҳо мешуморад, даъват менамояд, ки ҳар як шахс онро омӯзад. Шоир таъкид мекунад:
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Вале таҷрибаи рӯзгорро фақат аз рӯи илму дониш дарк намудан мумкин аст. Бинобар ҳамин, инсон барои он ки хирадманд шавад, даставвал бояд дониш омӯзад. Ба фикри Рӯдакӣ, ки хеле ҳаётист, дониш хирадро сайқал медиҳад, чун чароғи равшанкунандаи роҳи зиндагӣ ба инсонҳо роҳи нек нишон медиҳад, аз ҳама бадиҳо, зарарҳо ва офатҳо ӯро ҳидоят менамояд ва дар чашми мардум шахси шахси донишманд на хирадмандро мӯҳтарам мегардонад. Пас инсони ҳақиқиро зарур аст, ки илм омӯзад, дониш андӯзад ва ҳунар ёд гирад. Ин сифатҳо дараҷаи мақоми ҷамъиятии касро таҷассум мекунанд. Фарҳанг дараҷаи олии пайвастагии ақл, дониш, маърифат, адаб ва маданият мебошад. Рӯдакӣ онро беҳтарин сарвати маънавии инсоният шумурда, аз он ҳар чӣ бештар баҳра бардоштанро талқин мекунад:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Дар панду ҳикматҳои Рӯдакӣ масъалаҳои ташвиқи далерию мардӣ, меҳр варзидан ба инсонҳо, муҳаббат кишоварзу ҳунарманд, кӯшишу кор, некӣ, саховат, дӯстию рафоқат, шафқату мурувват нисбат ба дармондагон ва амсоли инҳо ҷои муҳимро мегирад. Ин сифатҳоро кас бо роҳи фаъолтар намудани қобилияти худ ва побанд нашудан ба тақдир зиёд мекунад. Аммо шоир қаноат,сабр, бурдборӣ, тавозғъ, фурӯтанӣ ва хоксориробо роҳи маҳдуд гардонидани нафс, пешгирии орзую ҳавасҳои беҳуда ва худдорӣ аз бадию зиштӣ тарғиб менамояд:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ,
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Рӯдакӣ аз шоирони пуркор ва сермаҳсули дунё буд. Эҷодиёти ӯ аз 8-солагиаш сар шуда, қариб 70 сол давом кард. Рӯдакӣ чунон истеъдоди бузург дошт, ки асарҳои калонро дар муддати кӯтоҳ эҷод мекард. Соли 932 достони “Калила Димна”-ро ва баъдан достони “Синбоднома”-ро менависад. Соли 933 қасидаи “Модари май”-ро эҷод мекунад.
“Калила ва Димна”асари панду ахлоқӣ буда, дар он масъалаҳои тарғиби одоби баланд, ахлоқи пок, одамгарӣ, дӯстӣ, рафоқат, дониш ва баръакс мазаммати нуқсонҳои инсонӣ ва иллатҳои ҷамъиятӣ тасвир мешавад.
Қасидаи “Шикоят аз пирӣ” шарҳиҳолӣ буда, шоир онро дар айёми пирӣ ва рӯзҳои сахти зиндагӣ навиштааст. Дар қасида Рӯдакӣ лаҳзаҳои муҳимтарини ҳаёти худ, хусусан гардишҳо ва баландию пастиҳои онро ба ёд меорад.
Рӯдакӣ на фақат шаклҳо ва навъҳо назми тоҷикиро ба ҳадди аълои такомул расонда, мазмуни онро ғанӣ гардонд ва забонашро ба қолаб даровард, балки ба эҷодиёти пурсарвати хеш ба сабки хуросонӣ ибтидо гузошт, ки онро сабки Рӯдакӣ низ мегӯянд. Талаби ин сабк чунин аст: асари бадеӣ бояд дар шакли сода, дар баён фасеҳу фаҳмо ва дар мазмунбалеғу баланд бошад. Он дар тасвир ба воқеагӯӣ ҳидоят мекунад.
Устод Рӯдакӣ бо хизмат бо хизмат ва мақоми таърихии худ натанҳо асоси адабиёти тоҷикро гузошт, балки пояи адабиёти тамоми форсизабонони дунёро тарҳрезӣ кард.
Эҷодиёти гаронбаҳову оламшумули Абӯадуллоҳи Рӯдакӣ ганҷинаи пурарзиш ва манбаи тарбияву ташаккули инсони комил буда, сарчашмаи пурғановатест, ки дар масири салсолаҳо дар тарбияи маънавии миллати тоҷик нақши пурарзиш бозидааст ва мебозад.
Имрӯз дар замони истиқлоли миллӣ мо бояд ба насли ҷавони худогоҳу хештаншинос фаҳмонем, ки осори устод Рӯдакӣ бештар рӯ биоранд, абёти шоирро азбар намоянд ва дар таҷрибаи рӯзгор истифода бурда тавонанд.
Тавассути ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мо имрӯз метавонем дар тарбияи хештаншиносии ҷавонон саҳми бештаре гузорем. Барои расидан ба ин ҳадаф мо пеш аз ҳама, роҳҳои нишонраси онро ҷустуҷӯ намоем.
Абӯадуллоҳи Рӯдакӣ шоири ватанпараст ва ваҳдатсаро буд, ҳамин хислати ватанпарастӣ, муҳаббат ба Ватан, ҳимоят аз хонадони Олии Сомон ӯро ба Бухоро овард. Ғояи қасидаи “Васфи Бухоро”-яшро дар радифи таърифу тавсиф боз аҳамияти сиёсии умумидавлатии давлати Сомониёнро ҳимоят кардан ташкил медиҳад. Яъне, ҳувияти миллӣ дар ашъори Рӯдаки хеле баландтар садо медиҳад.
Номи Бухоро дар шеъри Абӯадуллоҳи Рӯдакӣ танҳо ифодагари пойтахти давлати Сомониён намебошанд, балки бо номи Бухоро ҳисси ватанпарастӣ ва хештаншиносии шоир пайванд аст.
Ҷои баҳс ҳам нест, ки Абӯадуллоҳи Рӯдакӣ ақидаҳои ислоҳотхоҳӣ, озодандешӣ ва ватанпарастии хешро то пойгоҳи шеъру сухан, таблиғот ва мунозироти ахлоқӣ пеш бурдааст, зеро таърифу тавсифи ақлу дониш, таҷрибаи рӯзғор ва зиндагӣ, инсондӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ҷанбаҳои асосии ашъори ӯро ташкил медиҳад, ки ҳамаи он инъикосгари рамзи ҳувияти миллӣ барои ҳар ҷавони хештаншинос ва ватандӯст мебошад.
Бояд қайд кард, ки бузургтарин офаридаҳои Рӯдакӣ имрӯз ҳам барои насли нав муҳим аст. Вай яке аз аввалин шоироне буд, ки барои тарбия суханони ибратбахш мегуфт ва ба инсон некӣ меомӯхт. Дар таълимот ва фалсафаи Рӯдакӣ арзишҳои умумиинсонӣ – ҳунармандӣ, илм, ҳикмат, дӯстӣ, рафоқат ва мењнатдўстї ҷойгоҳи махсус касб кардааст. Мавзуъҳои асосии асарҳои ӯ дӯстӣ, меҳрубонӣ, муҳаббат ба ватан, адолати иҷтимоӣ ва ғайра мебошанд, ки ба тарбияи ҳамаҷонибаи шахсият равона шудаанд.
Ҳамин тариқ, бояд хулоса кард, ки тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон истифодаи арзишҳои умумимиллӣ ва умумиинсониро ҳамчун мазмуни тарбияи ахлоқӣ дар назар дорад. Дар алоқамандї бо нуқтаи мазкур тарбияи ахлоқии ҷавонони донишҷӯро дар ҷараёни тайёрии касбӣ бо истифода аз мероси пурғановати таърихи куҳани адибони классикии тоҷику форс такмил додан зарур аст.
Ҷалолова Зӯҳро Абдусаломовна
мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
