Баргузории маҳфили “Ал-ҷабр” дар факултети электромеханика

Дирӯз, дар аудиторияи 207 маҳфили “Ал-ҷабр” баргузор гардид, ки дар он мудири кафедра н.и.п., Туев Ш.Ш., мутахассиси раёсати илм Бобоева П., муовини декан оид ба илм Ҳомидова М. ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд. Дар маҳфили баргузоргардида донишҷӯёни ихтисосҳои 1-330101 Камолов Қ. ва Шарипов С, 1-285402-03-Нурматов О. ва  Абдулатипов Л. бо маводҳои омодакардаи худ оид ба ҷобаҷогузории ададҳои натуралӣ ва бозиҳои шавқовар баромад намуданд.  Маҳфил дар сатҳи  баланд бо ҳалли масъалаҳои пешниҳод гардида, баргузор шуда фаъолнокии донишҷӯён дар сатҳи баланд буд.
Дар баргузории кори маҳфил ҳиссаи омӯзгорони кафедра дар дараҷаи хуб ба роҳ монда шуда буд.