Семинари илмӣ- назариявӣ дар кафедраи математикаи олӣ ва информатика

Омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ ва информатика Шерматов Шамсиддин Тухлиевич дар мавзӯи  “Татбиқи матрисаҳо дар истеҳсолот, техника ва дар ҳаёт” маърӯза намуд. Сараввал омӯзгори калони кафедра Ҷумаев А.Р. оид ба мавзӯи интихобкардаи омӯзгори калони кафедра Шерматов Ш.Т., ки тибқи нақшаи тасдиқнамудаи кафедра мебошад, баромад намуда ҳозиринро ба семинари илмӣ-назариявии кафедра хайрамақдам намуд. Ассистенти кафедра Абдураҳмонова А.И. ва сармуаллими кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Ғафоров С.Ҷ.  оид ба мавзӯи баромадкунанда саволҳои мушаххас доданд, оид ба ҳалли матрисаҳо дар истеҳсолот, техника ва дар ҳаёт ақидаи худро баён намуданд. 
Дар охири семинар омӯзгори калони кафедра Ҷумаев А.Р. оид ба семинар фикри худро баён намуда суханро ба сардори шӯъбаи илм Раҳимова Ш. доданд.
Сардори шуъбаи илм Раҳимова Ш. ба баромадкунанда ва иштирокчиёни семинари илмӣ-назариявӣ изҳори миннатдорӣ намуда дар корҳои ба пеш истодаашон муваффақият хост.