Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо медали ҷашнӣ сарфароз гардид

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҷониби иҷрокунандаи раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Мавсума Муинӣ бо медали ҷашнӣ, ки аз ҷониби Сафорати Федератсияи Росия ирсол гардидааст, сарфароз гардонида шуданд.

Барои ҳамкории судманди дӯстона ва дифои арзишҳои башарӣ ректори донишкада бо ин медали ҷашнӣ сарфароз гардонида шуданд.

Шуъбаи иттилоот