Тарғибу ташвиқи ихтисосҳои магистратураву аспирантура миёни донишҷӯён

Имрӯз, сардори шуъбаи аспирантура ва магистратура Муҳаммадюсупова Шамсия барои тарғибу ташвиқи ихтисосҳои мавҷуда дар бахшҳои магистратура, аспирантура ва докторантура бо донишҷӯёни факултетҳои корҳои кӯҳӣ, электромеханика мулоқот намуда, аз бартариятҳои соҳа ва ихтисосҳои мазкур гуфт.

Ёдовар мешавем, ки аллакай миёни хатмкунандагони донишкада шавқи ба магистрантураву аспирантура дохил шудан ҳаст ва ин як навъ интихоби роҳи дуруст дар комилсозии соҳа низ ҳисобида мешавад.