Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳо ва марказҳои таҳқиқотӣ

Зимни мулоқот роҳбари таҷрибаомӯзӣ омӯзгори калони кафедраи геология ва корҳои нафту газ Махкамов Ф.Ғ  баромад намуда, қайд кард, ки тибқи нақшаи таълим барои донишҷўёни бахши 4-уми ихтисоси 510101 «геология ва иктишофи ККФ» аз санаи 28.02.2022 то 26.03.2022 таҷрибаомўзии пешазхатм муқарар карда шудааст. Бо донишҷўён пеш аз сафарбар намудан ба таҷрибаомўзии пешазхатм  оид ба риояи техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар истеҳсолот, ҷамъоварии маводҳо доир ба омода намудани рисолаи хатм дастурҳо дода  шуд. Аз тарафи донишҷӯён  баромад намуданд ва фикру ашдешаи хуро оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзи баён намуданд.

          Мувофиқи пешниҳоди кафедра ва фармоиши ректори ДКМТ имсол 18- нафар донишҷўён бахши 4-уми шуъбаи рӯзона ихтисоси 510101 «Геология ва иктишофи ККФ» барои гузаштани таҷрибаомўзии пешазхатми ба корхонаҳои соҳавии вилояти Суғд фиристода  шудаанд.  Хусусан ба корхонаҳои саноатии КФ Экспедитсияи Комплексии Геологии Қайроққум, Экспедитсияи геологӣ-иктишофи  «Моғиён», ҶМТКММ «Апрелевка»,  мебошанд.  Инчунин дар асоси мактуб ва  дархости корхонаи хусусии  ҶДММ “Заринак” воқе дар ноҳияи Сангвори (Тавилдара)-и НТМ 3- нафар донишҷӯён сафарбар карда шудаанд. Аз тарафи сардори раёсати таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон қайд карда шуд, ки аз тараффи ҶСК “Тоҷик СГЭМ”дархост шудааст, ки 3-нафар барои гузаронидани таҷрибаомӯзии пеҳазхатм метавонанд дар корхонаи мазкур ҳамкори намоянд. Аз тарафи корхона шароитҳои ҷои зист, хурока ва либосҳои махсус таъмин карда мешавад. Бо ин мақсад 3-нафар донишҷӯён ба ширкати номбаркардашуда барои гузааронидани таҷрибаомӯзии пешазхатм фиристода шудаед.

                   Тибқи барнома роҳбари таҷрибаомӯзи аз донишкада барои ихтисоси 510101 геология ва иктишофи ккф омӯзгори калони кафедраи Геология ва корҳои нафту газ Махкамов Ф.Ғ. дар КВ Экспедитсияи Комплексии Геологии Қайроққум бо донишҷӯён дар якҷоягӣ ва дастгирии  саргеологи корхонаи мазкур Усмонов Н.Қ  тибқи барномаи таҷрибаомӯзи дарсҳои амалӣ гузаронида шуданд.

          Ҳаминро бояд қайд намуд, ки Усмонов Н.Қ  саргеологи КВ Экспедитсияи Комплексии Геологии Қайроқум  яке аз мутахасисони ҷавон ва омӯзгори пуртаҷриба буда, ҳам дар соҳаи илм ва ҳам дар соҳаи корҳои истеҳсоли хусусан  дар корҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок пуртаҷриба мебошанд.