Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ имрӯз бо донишҷӯён мулоқоту машваратҳо гузарониданд

Имрӯз, ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба хотири огоҳ гардидан аз рафти таълиму тарбия дар донишкада, ба синфхонаҳо ворид гардида, бо донишҷӯён аз наздик мулоқот намуданд.
Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯён суҳбатҳо намуда, аз камбудиву норасогиҳояшон ва мушкилоташон пурсон шуда, омодагии худро барои кӯмак расонидан баён доштанд.
Ҳамзамон, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имконияту дастовардҳои кишвар ёдрас шуда, мавқеи кишварамонро дар арсаи байналмиллалӣ баланд арзёбӣ намуданд. Минҷумла, арз доштанд, боиси хушнудист, ки дар шаҳри Душанбе пойтахти кишвари азизамон Тоҷикистон имрӯзҳо 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро таҷлил менамоянд. Ва ин албатта, боиси шарафмандиву ифтихор аст, ки шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри аз лиҳози амнияти орому осоишта мизбони меҳмонони олиқадр- сарони давлатҳои аъзои СҲШ гардид.
Ҳоло мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ хеле баланд гардидааст, ки дар ин ҷода саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле баланд мебошад.
Дар мулоқоту вохӯриҳо ҳамчунин ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ таваҷҷӯҳи донишҷӯёнро ба меҳандӯстиву хештаншиносӣ ҷалб намуда, шинохти қадру қиммати истиқлол ва соҳибватаниро муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулони соҳа супориш доданд, то ба донишҷӯён дар соатҳои берун аз дарси маҳфилҳои соҳавии амалӣ ташкил намоянд, то донишҷӯён тавонанд, донишҳои худро сайқал диҳанд ва дар баробари мутахассиси хуб шудан боз коршиноси соҳа низ бошанд.

Шуъбаи иттилоот