Донишҷӯёни бахши якум аз китобхонаи донишкада дидан намуданд

Имрӯз, донишҷӯёни курсҳои якум  ихтисоси 480101 бори аввал аз китобхонаи донишкада дидан намуданд. Донишҷӯёнро директори китобхона  Танжихолова Шаҳноза хуш истиқбол намуда аз имкониятҳои китобхона, адабиётҳои мавҷудаи соҳавӣ ва адабиётҳои  бадеӣ огоҳ намуд.  Сипас, ба донишҷӯён аз таърихи донишкада ва таъсис китобхона сухан гуфта, донишҷӯёнро ба шароити китобхонаи донишкада ошно намуд.

Ёдовар мешавем, ки  тибқи дастуру супориши роҳбарияти донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ  ба китобхонаи донишкада зиёда аз 3000 адабиёти нав бо забони тоҷикӣ ворид карда шуд, ки ин барои  такмили донишҳои хонандагон мусоидат менамояд. Аз ҷониби дигар имрӯз бо ташаббсуси роҳбарияти донишкада ҳамаи адабиёти мавҷуда ба тариқи электронӣ мавҷуд аст, ки аз он донишҷӯён фаровон истифода менамоянд.

Шуъбаи иттилоот