ПОЁНИ КОРИ “МУХОЛИФИН”!

Дар чанд рӯзи нишасти Варшава мо тавонистем маълум созем, ки чеҳраи воқеии наҳзатиҳо бо дигар пайравони терроисташ чи хел ошкор мешавад. Ҳарчанд наҳзатиёни палид кӯшиш мекунанд, ки чеҳраи манфур ва бесаводиву бефарҳангии худро зери ниқоб нигоҳ доранд, аммо нашуд. Мисли оина маълум буд, ки як тӯдаи авбошонро гирди худ ҷамъ овардааст роҳбари ТЭТ ҲНИ ва ин палидакҳои террорист намедонистанд, дар нишаст чи хел баромад кунанд. Якеаш худро журналист мегуфту дигараш худро фаъоли ҷамъиятӣ, аммо аз ҳарду ҳам бехабар.

Шармандагии дигар дар он буд, ки палидакҳои наҳзатӣ ба шармандагиву беобрӯгии худ тан надода, дурӯғбофӣ мекарданд ва намедонистанд, ки худро ба куҷо зананд. Охир сарсону саргардон шуда буданд.

Чанд ҷавони дигар бошад ба ин масъала тобиши дигар дода, мехостанд ба таври куллӣ шармандагиву рӯсиёҳии онҳоро пӯшида нигоҳ доранд. Лек афсӯс, ки аллакай дер шуда буд. Зеро Парвардигор ҳаргиз мунофиқонро намебахшад ва онҳо ҳаргиз ба мақсад намерасанд.

Ин ҳам дар ҳоле рӯй дод, ки як нафар оворагард худро журналист муаррифӣ карду лек намояндагони САҲА ин бор бозиро ба кор дароварда чеҳраи аслияшро ошкор охтанд. Гуфтанд ту корманди ВАО нестӣ. Ва ин воқеият дошт, вале ин ҳам далели бузурге аз надоштани таҷрибаву бесарусомонии палидону хоинони Ватан буд. Онҳо намедонистанд дар ин ҷо худро чи хел муаррифӣ кунанд?   

Ин амалҳо ва далелҳо нишон медиҳанд, ки тӯдаи авбошону палидон ва ҷинояткорону террористон, ки худро мухолифин эълон кардаанд, дигар наметавонанд фаъолият баранд ва тобу  тоқати баҳсҳои сиёсиро надоранд ва ин албатта нишони таназзули паймони террористон аст.

 Чизи дигар ин дарку фаҳми сиёсӣ надоштани онҳост, ки имрӯз дида шуд.

                                                                                       Почоев Анушервон

                                                                                         омӯзгори ДКМТ