ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТИ МОШИНСОЗӢ: ҶИНОЯТКОРОНИ ТЭТ ҲНИ ХУДРО ШАРМАНДА СОХТАНД!

Чанд рӯз боз дар расонаҳо ширкати девонаҳои муқими аврупоро, ки худро мухолиф эълон намуда дар ҷаласаҳои САҲА баромад мекунанд дида, надонистам чӣ бигӯям? Воқеан то ба ин сатҳ расидани вазъро интизор надоштам. Охир аз ин шармандагӣ зиёдтар намешавад.

Бубинед, ҳатто дар демократитарин кишвари дунё бо арзишҳо чунин бозӣ намекунанд. Нигоҳи масхараангези аблаҳону авбошони ТЭТ ҲНИ дар нишасти Варшава гувоҳ аз бесаводиву бефарҳангии онҳост.  Ҳатто далелҳои бепоя ва андешаҳои пучи худро шарм надошта баён мекунанд, ки аз рӯи одамгарӣ нест. Мағзҳои холии намонядагони палиди ТЭТ ҲНИ ҳоло дигар кор намекунад, вале онҳо мехоҳанд дар ин ҷаласа ширкат намоянд. Ба ҳамин хотир ҳарчи ба забон меояд мегӯянд, аммо бехабар аз он ки вазъияти бӯҳронияшон ошкор гардид. Охир ҳама медонанд, ки ин аблаҳон ба ҷуз ҷиноят, хиёнат ва хоинӣ дигар кореро сарфаҳм намераванд. Нишасти Варшава макони ҷамъшавии ҷинояткорону аблаҳони ТЭТ ҲНИ нест, балки барои ин аблаҳон беҳтарин минбари изҳори андеша  ин кунҷи зиндон ва кати девонахона аст.