ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: НЕСТ БОД ДУШМАНОНИ СУЛҲ!

Чанд тан аз афроди тирасар, ки худро мухолиф эълон намуда дар нишасти Варшава ширкат доранд, аслан ба дарди касе намехӯранд ва аслан мақсади некӣ надоранд.

Онҳо имрӯз дар Аврупо ба ҷойи ҳифзи фарҳангу мадани миллат, баръакс миллатро шарманда кардаистодаанд ва гуфтору рафтореро раво мебинанд, ки хоси миллати мо нест.

Дар ҳақиқат агар бигирем ин афрод тӯдаи авбошону террористҳои рақами як дар Осиёи Миёна буданд ва бар оромии минтақа ҳамеша халал ворид месохтанд. Ҳоло инҳо рафтаанд, то бо шабакаҳои террористии ҷаҳонӣ иртиботӣ қавӣ дошта бошанд.

        Аз ин рӯ, мо омӯзгорони кафедра ин рафтори нохушояндро қабул надорем ва талаби нестии онҳоро мехоҳем. Нест бод душмани осудагиву сулҳу салоҳи миллати тоҷик!