ПАРЧАМ ИФТИХОРИ БАЛАНДИ ҲАР ЯК СОҲИБВАТАН АСТ

Ҳар як кишвар аз қадимулайём нишонаҳои  давлатдории худро дошту дорад , ки ин ҳамчун муқаддасот дар сохтори  давлатдорӣ  ба шумор меравад. Парчами миллӣ низ яке аз муқаддасот аст, ки  симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос  доштан ва ҳимоя кардани  Ватан , хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.
Парчам бо сифати рамзи давлату миллат  аз рўзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро аз замонҳои қадим  дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтидани парчам  нишони шикасту  мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт.
Дирафши ковиёнӣ – парчами  давлатии шоҳони қадими эронинажод аз Пешдодиён то Сосониён машҳур буд. Баъзе таърихнигорон нахустин парчами миллии мо, яъне Дирафши ковиёниро марбут ба парчами  чармии  Коваи оҳангар донистанд , ки бо  он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармини  оҳангарии худро ба найзае овехта, онро  парчами муборизаи дод бар бедод қарор дод.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст. Бар асоси ин пешниҳоди Пешвои миллат ба парлумон ба қонуни рӯзҳои ид иловаҳо ворид гардидааст ва тибқи он ҳар сол Рӯзи Парчам 24-уми ноябр таҷлил гирифта мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати “Рӯзи парчам” аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва гуфт: ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу, ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.

Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Истиқболи «Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24-уми ноябри соли 2009 бори аввал ҷашн гирифта шуд. Дар Душанбе дар ин рӯз бо ташаббуси Ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Дар вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда, таҷлили Рӯзи парчами Тоҷикистон доир шуд. 30-юми августи соли 2011 дар Душанбе парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр аст ва баландтарин пояи парчами давлатӣ дар мамолики ҷаҳон мебошад (ҳамчун рекорди Гиннес сабт шудааст).

Бояд гуфт, ки  рамзҳо хеле муқаддас мешаванд  ва дар баробари ин  он аломату рангҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме   мазмуну мўҳтавои амиқ доранд, ки  дар онҳо агар  аз як тараф гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихият ба  эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар меросбарии арзишҳои  фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва  арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо то ба имрўз ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд.

Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва нурҳои ақлонии фарҳангии ҳамон кишвар аст, ин  як рамзи бисёрмаъно буда, он ба воситаи муқоиса дар ақли инсон  дарк мешавад. Он тасвири рангҳо,  тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар Парчами давлатии мо  акс ёфтаанд, мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷассум кардаанд.

Ҳамин тавр, донистани қадри муқаддасоти миллӣ, аз қабили Парчами миллии Тоҷикистон маънои донистани қадри Ватан ва арзишҳои онро дорад. Буду набуди ватан, эътибору шаъну шарафи онро маҳз ҳамин рамзҳо ифода мекунанд.  Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар доимо пойбарҷо бошад ва бояд ҷаҳду талош кунад, ки ба қадри неъматҳои ин ватан бирасад ва барои ободии он заҳмати худро дареғ надорад.

Парчами миллӣ бо «Дирафши Коваён» – и ориёӣ ҳаммаром буда, бо тобиши серанги худ ва тоҷу ситораҳо аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостон, пайкори созандагиву асолати миллӣ ва ормонҳову қаҳрамониҳои родмардони тоҷик башорат медиҳад.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ