ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҚОСИДИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

 

Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,
Гаштӣ ба рўзи сахтӣ мушкилкушои миллат.

Эй Қаҳрамони миллат,
Зўру тавони миллат
Гардида решапайванд
Ҷонат ба ҷони миллат.

         Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ понздаҳ давлвте,ки ба қаламрави он шомил буданд, бо навбат истиқлолияти худро эълон карда,дар харитаи сиёсии ҷаҳон мавқеи худро пайдо карданд.Тоҷикистони азизи мо низ 9-сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард. Дар бисёр давлатҳои навбунёд баъди соҳибистиқлолӣ фазои тинҷу осоиштагӣ ба чашм мерасид. Аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои кулан баръакс ба чашм мерасид. Баъд аз соҳибистиқлолии худро эълон кардани Тоҷикистон бисёр қувваҳое пайдо шуданд, ки байни ҳамдигар барои ба даст овардани ҳокимият муборизаи шадид мебурданд. Ҳамаи ин сабаб шуд,ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар занаду бародар бераҳмона бародари худро кушад. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 100 ҳазор нафар (1,5% аҳолӣ) ҷони худро аз даст доданд, 100 ҳазор кас беному нишон гум шуданд, беш аз 25 ҳазор зани тоҷик беваю 60 ҳазор тифл ятим монда, садҳо манзили истиқоматӣ вайрону валангор гаштанд. Теъдоди паноҳандагон дар кишвар ба 850 ҳазор нафар расида буд. Аз ин 600 ҳазор нафарашон дар дохили ҷумҳурӣ ҷои зисти хешро тағйир дода, 60 ҳазор нафар ба Афғонистон, 195 ҳазор ба Русия, Украина, Беларусия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар мамлакатҳо муҳоҷир шуда, бори гарони ҷудоӣ аз хоки Ватанро кашиданд. Ба иқтисодиёти мамлакат зарбаи калон расид, ки он ба 10 миллиард доллари амрикоӣ (ба ҳисоби қурби он вақта) рост меомад.

         Вазъият то ба он дараҷа омада расид, ки президенти амалкунандаи мамлакат Раҳмон Набиев ба истеъфо равад. Баъди ин идораи мамлакат бар души раиси Шӯрои Олӣ гузошта шуд. Дар ин солҳо раисони Шӯрои Олӣ низ якчанд маротиба иваз шуданд. Баъдан дар ҳаёти халқи тоҷик як ҳодисаи таърихие рӯй дод. Дар ҳамин давраи фалокатбору ҳассос аз 16–уми ноябр то 2-декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он тақдири миллати тоҷик ҳал гардид. Вакилон якдилона ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд. Дар он лаҳзаҳои хеле вазнин, ки яроқбадастон кишварро фаро гирифта, иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ гардида буд, на ҳар кас ҷуръат мекард, ки роҳбарии кишварро ба уҳда гирад. Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон бо азми комилу хиради фарогир ваъда доданд, ки “Ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан бар нагардад, осуда нахоҳам буд!.. “То ки бошам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам”

         Ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон дигар ягон шахсе набуд, ки ин вазифаро ба души худ гирад. Зеро бисёр шахсон ба хуб шудани вазъият дар Тоҷикистон бовар надоштанд. Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат ҳам як марди Худододе буданд, ки дар вазъиятҳои бениҳоят мушкил сари давлат омада,идораи онро ба даст гирифтанд. Вазъият то ҳамин дараҷа омада расид,ки дар кӯчаҳои баъзе минтақаҳо оромона сайру гашт карда намешуд, дар дили ҳар як шахс тарсу ваҳм ҷой гирифта буд. Бар замми ин аҳолии қисмати ҷанубии Тоҷикистон ба давлати ҳамсоя, яъне Афғонистон гуреза шуда буданд.Ҳалли ҳамаи ин мушкилотҳо бар души Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.

         Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон барои барқарор шудани сулҳу Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ибтидо гузошт. Бо талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва даври аввали гуфтушуниди байни тоҷикон баргузор гардид. Дар ин музокирот ҳар ду тараф қавл доданд, ки мекӯшем, то раванди гуфтушунид халалдор нашавад.

Яке аз солҳои бениҳоят душвор ва сарнавиштсози гуфтушунидҳо соли 1995 буд, ки дар ин сол аввалин бор музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Кобул баргузор шуд. Пеш аз сафар ба Афғонистон дар моҳи апрели соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати ихтисосиашон бо хабаргузории “Интерфакс” дар бораи ҳадафҳои вохӯриаш бо роҳбарони мухолифин чунин иброз дошта буданд: “Ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбари мухолифин ман, пеш аз ҳама, мавзуъҳоеро баррасӣ хоҳам кард, ки ба ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон иртибот дошта, масъалаҳои оташбас ҳам дар сарҳад ва ҳам дар дохили кишвар, баргашти тамоми муҳоҷирине, ки ҳанӯз дар хоки Афғонистон ҳастанд ва ҳамчунин дигар масъалаҳоро дар бар хоҳад гирифт. Мақсади ман расидан ба мусолиҳа бо мухолифин мебошад, ки ин мусолиҳа бояд бечуну чаро аз ду тараф иҷро шавад”.

         Дар соли 1996 байни тарафҳо ягон гуфтушунид ба амал наомад. Аммо 10–11 декабри соли 1996 Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти мухолифин мулоқоти тақдирсозе доир намуданд. Ин музокирот дар як деҳаи дурдаст баргузор шуд, ки дар он на ҷои хоби мувофиқ буду на барқ дошт. Ҳайатҳои музокироти сулҳи тоҷикон ду шабонарӯз то субҳ музокира карданд ва дар натиҷа протокол дар бораи танзими базаи ҳарбию сиёсии минтақаҳои доғ имзо расид, ки дар натиҷаи он оташбас барқарор шуд ва нерӯҳои низомии мухолифони собиқ ба мавзеъи пештараашон баргаштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин музокирот пешниҳод кард, ки ҷиҳати таъмин ва таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон бояд Коммисияи оштии миллӣ таъсис шавад ва роҳбари он бояд намояндаи мухолифин бошад. Чунин пешниҳоди ҷасурона дар он давра кори осон набуд.

Билохира, 27–уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав дар вазъияти тантанавӣ роҳбарони ҳар ду ҷониб ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд, ки ба шарофати ба имзо расидани ин созишномаи таърихӣ ба ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш хотима гузошта шуд.

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

         Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари азизи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосеро сазовор гашт.Баъд аз ором кардани вазъият дар Тоҷикистон, Президенти мамлакат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишҳои худро барои пешрафти он равона карданд. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 150 кишварҳои ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд эътироф намуданд. Дар тӯли 29 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат, Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Пули миллӣ, Артиши миллӣ, Конститутсия, Ваҳдати миллӣ ва ғайраҳо гардид. Маҳз натиҷаи хизматҳои арзандаву шоёни ин марди шуҷоъ буд, ки ӯро 11-уми декабри соли 1999 ҳамчун Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуданд.

                        Чунки дар рӯйи ту мебинем

Рӯи миллатро,нури миллатро,

Чунки аз пешонии бози ту мехонем

Мо хати тақдири миллатро.

         Пешвои миллат ҳангоми сафар ба дигар мамлакатҳо аз номи халқи тоҷик баромад карда,шарафи миллатро ҳимоя мекунанд. Эмомалӣ Раҳмонро падари миллат мегӯянд, ки ин дар ҳақиқат ҳам дуруст аст. Зеро он кас ҳама вақт дар фикри халқу миллатанд ва намегузоранд, ки ягон нохалафе хоре халад. Пешвои муаззами мо, марди таҳаммулпазир, сарвари шуҷои корзор, созандаю бунёдкор, ояндабину тозакор ва илмпарвару фарҳангсолор аст, ки ҳамеша мисли парастуи сулҳ муждаи оромию озодиро танинандоз менамояд, ки ин ҳама далели заковати худододии ӯ мебошад. Дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат ба бепарастону камбизоатон, беморону маъюбон, хислатҳои бузургӣ, дурандешӣ ва ҳамдардии ӯ ба ниёзмандони кишварамон мебошад, ки эътирофу эътимоди ӯро дар байни мардум меафзояд ва ин боиси тоҷикони дунё гардидааст.Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

                        Давлати мо давлати сулҳофар аст,

Давлати озод дар баҳру бар аст,

Нест ин ҷо аз хазонӣ ҳеҷ ёд.

Мисли ҷаннат сабзу ҳам муаттар аст.

Хизматҳои Пешвои миллати мо на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам қадршиносӣ шудаанд. Барои саҳми барҷаста дар рушди ҷомеаи умумиҷаҳонӣ Президенти Тоҷикистон ба гирифтани “Ситораи тиллоии Албер Швейтсер” ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон аввалин сиёсатмадорест, ки дар ҷаҳон ин мукофотро соҳиб шудааст.
         Соли 2005 дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон сазовори ҷоизаи олии Медали тиллои “Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо”-и Федератсияи байналмилалии сулҳ гардид. Муҳтарам Пешвои мо аввалин касест, ки дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин ҷоизаро соҳиб шудааст.
        Президенти Тоҷикистон дар солҳои минбаъда бо Ордени алмосдори “Ситораи сарпараст”, Ордени “Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд”, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ордени Шӯрои олимони Осиё, Медали тиллои ба номи Николай Блохини Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, Ордени “Ситораи дараҷаи 1” бо занҷираи тиллоии Ҷумҳурии Латвия, Медали тиллои “Арҷгузории Ҷалолиддини Балхӣ”-и ЮНЕСКО ва дигар ҷоизаву медалҳо мукофотонида шудааст.      

Бо дархосту пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, 25-декабри  соли 2015 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” қабул гардид ва ба ин мартабаи воло муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор дониста шуд.

Мо-пайравони Пешвои миллат бунёди минбаъдаи киш­варамонро аз ҳидояту роҳнамоии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои замони соҳибис­тиқлолӣ ва бурдбориҳои ваҳдати миллӣ медонем. Ваҳдат пойдевори ҳастии миллати тоҷик ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони беҳамто — кишвари куҳҳои сар ба фалаки биҳиштосо, макони обҳои мусаффо ва мардумони наҷиби ориёитабор ва шахсиятҳои барумандест, ки сулҳу ваҳдат аз азал паёми имрӯзу фардои Ватани азизи ҳар як фарди тоҷик ба ҳисоб меравад. Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллист, ки ба ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем.Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори он ҳастанд, то ҳар шаҳрванди кишвар худшиносу худогоҳ бошад ва дар ободии кишвари азизамон,ки хонаи умумии ҳамаи тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзӣ аст, саҳмгузор бошад. Дар умум бояд зикр кард, ки хизматҳои Президенти кишвар назди миллатамон хеле бузург аст ва моро зарур аст, ки ҳамеша қадрдонии онро намоем, ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасем.

Шукри Истиқлолу сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.

Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,

Шукри бому хонаву дар мекунем!

Аҳмадалиев Ш. Ҳ.

донишҷӯи бахши 3-и гурӯҳи 510201, факултети корҳои кӯҳи,