Таҷлили Рӯзи Парчам дар ДКМТ

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид, ки дар он нахуст ректори донишкада дотсент Фозилзода М.М. ба чорабини ҳусни оғоз бахшида, сухани табрикотиро ба муовини раиси шаҳри Бӯстон Маҳмудзода Қ. доданд.

Маҳмудзода Қ. номаи табрикотии раиси шаҳри Бӯсон Раъно Ҳошимзодаро ба ҳозирин қироат намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Парчам табрику таҳният гуфтанд.

Сипас Фозилзода М.М. баромад намуда, дар бораи аҳамияти сиёсии Парчами давлатӣ ва ҳамзамон таъсири он ба рӯҳияи насли ҷавон маъруза хона,  ҳозиринро аз номи Раёсати донишкада табрик намуданд.

Пас аз табрикоти муовини раиси шаҳр омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Холова Ф. баромад намуда, аз таърихи пайдоиш ва аҳамияти сиёсии он ба ҳозирин маълумот доданд.

Чорабинӣ бо ҳамин хотима ёфта, мисли ҳарвақта дар интиҳо ректори ДКМТ Фозилзода М.М. ҳозиринро бори дигар бо Рӯзи Парчам табрик намуданд.

Шуъбаи иттилоот