Гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз, дар донишкада чорабиние бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён ширкат намуданд. Нахуст муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлудахон чорабиниро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти омӯзгорони собиқадор ва гиромидошти забони давлатӣ сухан гуфт. Сипас, табрикоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабирро сардори раёсати таълим Осими Оқил қироат намуд.

Ҳамчунин, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, дар бораи рушду нумуи забони давлатӣ дар замони истиқлолият чанд нуктаро таъкид намуд.

Баъдан раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад суханронӣ намуда, ҳозиринро аз номи Иттифоқи касабаи донишкада бо Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба як қатор омӯзгорон туҳфаҳои иттифоқи касабаро тақдим намуд. Ҳамзамон ба як қатор омӯзгорону кормандон сипосномаву раҳматномаи донишкада тақдим карда шуд. 

Ёдовар мешавем, ки Иттифоқи мутаҳиддаи касабаи донишкада зери роҳбарии Давлатов Давлатмаҳмад фаъолияташро беҳтар намуда, самти корашро хеле пеш бурд ва дар арафаи ҳар иду санаҳои муҳими касбӣ ба омӯзгорон кӯмакҳои хешро мерасонад. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ низ борҳо аз беҳтар гардидани сифати кори Иттифоқи касабаи донишкада дар даврони роҳбарияш тавсиф намудааст ва ин ҳақиқати бебаҳс мебошад. Воқеан ҳам Давлатов Давлатмаҳмад аз ҷавонони фаъол ва олими варзидаи соҳа мебошад, ки дар пайравӣ аз сиёсати башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти фаъолияташро ба роҳ монда, бештар ғамхору дастгири ниёзмандон мебошад ва ҳамин аст, ки ӯро ҳамчун пайрави асили Роҳбари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа мешиносанд. Ҷомеаи меҳнатии донишкада аз ин ҷавони фаъол ва меҳандӯст сипосгузор буда, дар ҳаққи роҳбарияти олии кишвар дуои хайр менамояд.

Сипас, омӯзгорони кафедраи забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зуҳро ва Мулоохун Сафарзода дар бораи нақши забон ва муҳимияти илмии он маърӯзаҳои илмӣ намуданд. 

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби ансамбли “Ҷилои Ёқут” барномаи фарҳангӣ-фароғати манзури ҳозирин гардонида шуд.

Шуъбаи иттилоот