“Оқилона истифода бурдани нақлиёти бефосила ҳаракаткунанда дар шароити конҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” чунин унвон дошт семинари имрӯзаи кафедраи фанҳои умумитехникӣ

          Имрўз, мувофиқи нақша ва чорабиниҳои навбатӣ, кафедраи фанҳои умумитехникӣ семинари илмӣ – назариявии  худро дар синфхонаи 313 баргузор намуд.

Семинари мазкурро мудири кафедра Воҳидов А.А. оғоз намуда, аз рўии мавзўи мазкур маърӯза хонд.

           Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол талабот нисбати рушди соҳаи саноати кўҳӣ ва яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ин соҳа истифодаи самараноки дастовардҳои техникиву технологии замонавӣ, зина ба зина ҷорӣ намудани дастовардҳои соҳаҳои мухталиф  дар корхонаҳои соҳавии ватанӣ, такмили техника ва технологияи мавҷуда аҳамияти махсус дода шуда истодааст.

           Истихроҷи канданиҳои фоиданок ва интиқоли он то ҷои таъинот ё ҷойи коркард – раванди асосӣ дар технологияи истихроҷ мебошад, ки вобаста ба он талабот ба қисми ҷудонашавандаи занҷири раванди технологии мошинҳои нақлиётиро меафзояд.

Дар ин маврид, байни мошинҳои нақлиётӣ конвейери тасмавӣ ҷои махсуси худро дорад. Махсусан, дар тамоми корхонаҳои кўҳию металлурги нисбати дигар намуди нақлиётҳои бетаваққуф фаъолиятбаранда конвейери тасмавӣ афзалияти назаррас дорад. Афзалияти ин намуди нақлиёт: сохтораш оддӣ; дар вақти кор боэътимод; маҳсулнокиаш баланд ҳангоми фаъолияти корӣ.

Пешниҳоди танзимгар ба муҳаррики барқии сефазагии конвейери тасмавӣ. Танзимгар – гардиши муҳаррики сефазагиро, аз суръати минималӣ то максималӣ идора ва ё таѓйир намуда дода метавонад.

 Бо танзимгар, фаъолияти ККФ дар тасмаи конвейери зиёд шуда,  сарбори дар ҷузиётҳои конвейер кам мегардад. 

Дар ҷамъбасти семинар қайд карда шуд, ки дар ин самт магистранти бахши 1-уми донишкада Саидов Муборакшо таҳти роҳбарии н.и.т. Воҳидов А.А. кори илмӣ дошта, таҳқиқот давом дорад.