Оғози марҳилаи сабзкориву гулшинонӣ дар донишкада

Имрӯз дар боғоти донишкада махсусан қисмати факултети корҳои кӯҳӣ ва Донишкадаи Конфутсий аз ҷониби кормандони қисми хоҷагидории донишкада бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ 200 бех гулҳои ороишӣ шинонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар донишкада аллакай корҳои ободониву сабзкорӣ ва таҷдиду навсозӣ оғоз гардидааст.