Баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар донишкада

Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд.
Нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳозиринро бо ин ҷашни пуршукуҳ ва аҷдодӣ табрику таҳният гуфта, ба тамоми ҳозирин дар соли нави аҷдодӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни суханронӣ аз талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз ёдовар шуда, ин иқдомро як пораи таърихи муосири Тоҷикистон номид.
Мавсуф қайд намуд, ки маҳз бо талошҳои Пешвои муаззами миллат ҷашни Наврӯз дубора эҳё карда шуд, ки ин хидмати бузург барои насли башар мебошад.
Ҳамчунин дар чорабинии имрӯза муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо низ суханронӣ карда, ҳозиринро ба ин ҷашни бостонӣ табрику таҳният гуфт.
Баъдан барномаи рангини фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.