Олимони донишкада дар семинари байналмиллалӣ дар Донишгоҳи Осиёи Марказии шаҳри Хоруғ ширкат намуданд

Тибқи мактуби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  воқеъ дар шаҳри  Хоруғ  ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои иштирок дар семинари байналмилалӣ дар ин муассиса  омӯзгорони кафедраҳои экология, геология ва корҳои нафту газ  ва донишҷӯён сафарбаргар гардиданд. 

Семинари байналмилалӣ дар мавзӯи “ Омӯхтан ва пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ” дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ аз санаҳои 04.10.2023с. – 11.10.2023с. бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни  дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Дар семинари мазкур мудири кафедраи экология н.и.т., дотсент Ҳоҷибоев Д.Д., мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ н.и.т. Мирбобоев Ш.Ж., ассистенти кафедраи экология Назарова М.Э.  ва донишҷӯи бахши 4, ихтисоси 330101 – ҳифзи муҳандисии муҳити зист дар ин рӯзҳо  фаъолона ширкат варзида, бо устодони донишгоҳ, биноҳои донишгоҳ, синфхонҳо ва озмоишгоҳҳои донишгоҳ, толори варзишӣ ва ошхонаҳои ДОМ ш. Хоруғ аз наздик шинос шуда, аксбардорӣ намуданд.

Дар ин раванд дар озмоишгоҳ минералҳои гуногун мавҷуд буда, барои баланд бардоштани дониши донишҷӯён ва унвонҷӯён ёрӣ мерасонад. Устодони донишкада бо минералҳои ДКМТ муқоиса намуда бо устодони ДОМ ш. Хоруғ андешаҳои ҳамдигарро тақвият бахшиданд.