Баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон- оинаи таърихи миллат”

Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” дар донишкада баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Шаҳноза иттилоъ дод.

Чорабиниро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, ба ширкаткунандагони озмуни мазкур муваффақият таманно намуд. 

Дар озмуни мазкур донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони шуъбаҳо фаъолона ширкат варзиданд.

Ёдовар мешавем, ки аъзоёни ҳакамони озмун аз ҷониби омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ таъмин карда шуданд.