Баргузории чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба 30- солагии рӯзи Артиши миллӣ дар донишкада бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон ва кафедраи варзиш як қатор мусобиқаҳои варзишӣ баргузор карда шуд, ки имрӯз ҷамъбаст гардид.
Дар мусобиқаҳои мазкур донишҷӯёни факултетҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ қуваозмоӣ намуда, беҳтаринҳо ғолиб гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки чорабиниҳои гуногуни варзишӣ дар донишкада аз оғози моҳи феврал оғоз гардида, кунун ҷамъбаст гардид.