Озмуни “Комплексҳоли таълимӣ-методии беҳтарин” дар донишкада

Тибқи  нақшаи БИСТ барои муайян намудани сифати комплексҳои таълимӣ – методӣ аз фанҳои таълимӣ, риояи талаботҳои тавсиявии мураттабсозии комплексҳоли таълимӣ-методӣ  (КТМ)  моҳҳои декабр – январ   дар донишкада озмуни “Комплексҳои таълимӣ-методии беҳтарин”  дар байни омӯзгорон  гузаронида шуд, мегӯяд сардори БИСТ Усмонов Ш.Ҷ.

 Шартҳои озмун чунин буд:

  1. Мавҷудияти тақризҳо
  2. Мувофиқат ба барномаи таълимӣ (стандарти таълимии ихтисос)
  3. Матни муқоваи КТМ
  4. Саҳифаи тасдиқоти КТМ
  5. Мундариҷа
  6. Пешгуфтор ба КТМ
  7. Матни лексия
  8. Саволҳои санҷишӣ (лексия)
  9. Мавҷудияти маводҳои машғулияамалӣ/озмоишӣ
  10. Мавҷудияти супоришҳои КМРО (инфиродӣ ё даставӣ)
  11. Мавҷудияти супоришҳои КМД (инфиродӣ ё даставӣ)
  12. Мавҷудияти рӯйхати адабиётҳо
  13. Сифати чопи КТМ

Бо мақсади баҳодиҳӣ ба дараҷаи ҷавобгӯ будани сифати КТМ ба талаботҳои Озмун комиссияи шуъбаи таълим дар ҳайати зерин таъсис дода шуд:

  1. Қозиев К.С. – н.и.ф.м., дотсент, муовини ректор оид корҳои таълим (муовини аввал), раиси комиссия;
  2. Усмонов Ш.Ҷ. – сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот, аъзои комиссия;
  3. Ҳошимов Х.Ғ – мутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилот, аъзои  комиссия;

Ба комиссияи озмунӣ  9  КТМ  барои иштирок ба озмун пешниҳод карда шуд. Комиссияи озмунӣ сифати иҷроиш, мазмун ва ба шартҳои озмун ҷавобгӯ будани КТМ – ҳоро  дида баромада, бо баҳодиҳии нисбӣ  ва хусусияти фанни таълимӣ ба чунин хулоса омад:

Ҷои якум – КТМ аз фанни мошинҳо ва дастгоҳҳои собит – муаллиф-омӯзгори кафедраи Т ва ТМ. Кенҷаев Ш.А.

Ҷои дуюм –  КТМ аз фанни минерология – муаллиф-омӯзгори кафедраи кафедраи Г ва КНГ Восиҳов Ш.Т.,

КТМ аз фанни Технологияи информатсионӣ – омӯзгори кафедраи МО ва И. Хӯҷамов Ш.Э.

 Ҷои сеюм –   КТМ аз фанни химия – омӯзгори кафедраи ФТИ  Ғафоров С.Ҷ.

Ҳамин тавр озмун ҷамъбаст гардида, ба ғолибон мукофотҳо тақдим гардид.