РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Оид ба масъалаҳои такмили танзими омили экологӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодиёт

Дар ҳошияи Конференсияи чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028” дар Душанбе доир гардид, ки ба натиҷаҳои асосии Даҳсолаи байналмилалии амал дар соҳаи захираҳои об ва дурнамои баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2028 бахшида шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешбурду татбиқи амалии ҳадафҳои рӯзномаҳои ҷаҳонии обу иқлим ва пешниҳоди иқдоми глобалии марбут ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо дар баргузории ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ таҷрибаи бузург дорад. Зеро Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускори иқдоми ҷаҳонии обу иқлим давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба беш аз 10 конвенсияи байналмилалии экологӣ ҳамроҳ гардида, дар заминаи ҳамкории дуҷониба тамоми уҳдадориҳоро ба сомон расонидааст. Ҳамзамон Тоҷикистон дар доираи ду ниҳоди бузурги ҷаҳонии марбут ба тағйирёбии иқлим ва захираҳои об – Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва Шурои ҷаҳонии об, ки мувофиқан аз соли 1995 ҳар соле конфронсҳои тарафҳои конвенсия ва аз соли 1997 ҳар се сол форумҳои ҷаҳонии обро баргузор менамоянд, фаъолияти хеле назаррас дорад.
Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим чор Ахбори миллӣ доир ба тағйирёбии иқлим – якум (2002-2003), дуюм (2008), сеюм (2014) ва чорум (2022), Нақшаи миллии амал оид ба коҳиш додани тағйирёбии иқлим (2003), Гузориши якуми дусолаи бақайдгирии газҳои гулхонаӣ (2018)-ро омода намуда, ба котиботи он пешниҳод кардааст. Дар баробари ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ чор стратегияи муҳими миллии марбут ба мушкилоти захираҳои об ва тағйирёбии иқлим “Стратегияи миллии об барои давраи то соли 2040” (2024), “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030” (2019), “Стратегияи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030” (2018) ва “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037”-ро (2022) таҳияву қабул намуда, барои татбиқи амалии онҳо аз тамоми воситаю имконот самаранок истифода менамояд. Мавриди зикр аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ин стратегияҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои намунавӣ истифода менамоянд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи амалии конвенсияҳои экологӣ ва ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ фаъол ва пешгом аст. Масалан, Тоҷикистон аввалин давлати Осиёи Марказӣ аст, ки нахустин шуда, ба чанде аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои байналмилалии экологӣ – конвенсияҳои Стокголм, Ромсар, Бон ва протоколҳои Картахен ва Нагоя ҳамроҳ шудааст.
Албатта, дар татбиқи ҳадафҳои конвенсияҳо, қатъномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ниҳодҳову созмонҳои гуногун нақши муассир дошта, онҳоро тавассути баргузории конфронсу ҳамоишҳои гуногун арзёбию пайгирӣ намуда, дар ин замина харитаи роҳ ва натиҷаҳои амалии мушаххас қабул мекунанд. Тавре ишора гардид, Тоҷикистон на танҳо дар пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии обу иқлим, балки дар ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ ва баргузории конфронсҳои сатҳи баланд таҷрибаи ғанӣ дорад ва аз ин рӯ, қабл аз баргузории форумҳои ҷаҳонии об ҷиҳати омодагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба форумҳо дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои муштараки минтақавӣ доир гардида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ қабул ва ба котиботи форумҳо пешниҳод карда мешаванд. Қабл аз Форуми 4-уми ҷаҳонии об Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ (2005), пеш аз Форуми 5-ум Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиши офатҳои табиии марбут ба об (2008), қабл аз Форуми 7-ум Конфронси зерминтақавии омодагӣ (2014) ва пеш аз Форуми 9-ум Конфронси зерминтақавии омодагӣ дар мавзуи “Бехатарии обӣ барои сулҳ ва рушд” (2021) доир гардиданд, ки далели раднопазир ва шаҳодати бармалои эътирофи ҷаҳонии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим мебошанд. Бо назардошти ин нукта Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки “ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ба ҳамкории фаъоли ҳама ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин дар амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд”.
Тавъам бар ин, дар доираи иқдоми ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон аз соли 2003 то соли 2025 дар пойтахти ҷумҳурӣ 11 форуму конфронси сатҳҳои мухталиф баргузор карда шуданд, ки бархе аз онҳо нахустин маротиба доир гардида, дар арсаи байналмилалӣ беназиранд. Мисол, дар доираи нахустин иқдоми байналмилалии Тоҷикистон моҳҳои август-сентябри соли 2003 аввалин Форуми байналмилалӣ оид ба мушкилоти оби тоза доир гардид, ки Душанбешаҳрро ба “пойтахти ҷаҳон оид ба оби тоза” табдил дод. Ҳамзамон дар таърихи тақрибан якунимасраи мушоҳидаву омӯзиши пиряхҳо, танҳо дар доираи ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат, моҳи майи соли 2025 аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гузаронида шуд. Дар баробари ин, дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, бо гузашти қариб 50 сол дуюмин Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об моҳи марти соли 2023 баргузор гардид, ки онро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конфронси таърихӣ унвон карда, тақвияти талошҳои пайвастаи Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим таъкид намуда, натиҷаҳои конфронсро самарабахш хонданд.
Дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим, обшавии тезсуръати пиряхҳо ва камшавии захираҳои оби ошомиданӣ, ҷаҳони муосир ба эҷоди механизмҳои нави илмию инноватсионӣ ниёз дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббусҳои глобалии худ дар соҳаи об уфуқҳои нави дипломатияи экологиро боз намуд. Меҳвари ин ташаббусҳо “Раванди оби Душанбе” мебошад, ки имрӯз на танҳо як платформаи сиёсӣ, балки муҳаррики тавлиди ғояҳои нави илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хосса пайдо намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда, мавриди баррасии дақиқ қарор дода шуда, аксари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли ин масъалаҳо дастгирии ҳамаҷониба ёфтаанд. Дар конфронси мазкур Сарвари давлат аз натиҷаи ташаббусҳо ва дастгириҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки: “…Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар доираи “Раванди оби Душанбе” дар давоми ду даҳсола мамлакатҳои аъзои Созмони Милал ва ниҳодҳои он, сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ва молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ҷиҳати муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли он муттаҳид месозанд.
Дар ин раванд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди мушаххасро ба тариқи густурда ҳамоҳанг сохтани сиёсати мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳонро дар ҳалли истифода ва ҳифзи захираҳои об барои мавҷудияти бардавоми насли инсоният, дар сатҳи ҷаҳонӣ ба миён гузоштанд. Дар ин замина, об ба яке аз омилҳои муҳимми ҳамкорӣ ва кафили сулҳ табдил ёфт. Ин тамоилро ҳамоиш ва ба ҳам омадани намояндагони мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон дар форумҳои сатҳи байналмилалии об собит менамояд. Ба андешаи Пешвои муаззами миллат ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари авзоро хуб дарк мекунад, бинобар ин, лозим меояд, ки барои ҳалли масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зурурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд. Яъне дар ин самт саҳлангорӣ ба манфиати кор нахоҳад буд.
Дар доираи ин раванд, олимони ватанию хориҷӣ имкон пайдо мекунанд, ки технологияҳои муосири сарфаи об, усулҳои нави тозакунии обҳои партов ва мониторинги рақаммии захираҳои обиро тавассути зеҳни сунъӣ ва моҳвораҳо муҳокима ва ҷорӣ намоянд.
Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор, 2018–2028” боиси пайдоиши даҳҳо лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва марказҳои илмии пешрафтаи ҷаҳон гардид.
Раванди Душанбе ба таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи “Иқтисодиёти сабз” заминаи нав гузошт. Олимони соҳаи иқтисод имрӯз консепсияҳои наверо меомӯзанд, ки дар онҳо об на танҳо ҳамчун як неъмати табиӣ, балки ҳамчун унсури асосии рушди устувор ва устувории молиявӣ баррасӣ мешавад.
Дар ин замина, илми гидроэнергетикаи Тоҷикистон мақоми махсус дорад. Кишвари мо, ки 98 фисади барқи худро аз манбаъҳои обии экологӣ тоза истеҳсол мекунад, ба маркази таҳқиқи “энергияи сабз” табдил ёфтааст. Мақолаҳо ва таҳқиқоти илмие, ки дар доираи Раванди Душанбе пешниҳод мешаванд, роҳҳои пайваст кардани амнияти обро бо амнияти энергетикӣ нишон медиҳанд. Ин муносибати методӣ ба олимон имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикиро, аз қабили НБО “Роғун”, на танҳо аз нигоҳи иқтисодӣ, балки ҳамчун лоиҳаҳои умумиминтақавии экологӣ ва илмиро дар бар мегирад.
Раванди оби Душанбе барои мактабҳои олии кишвар вазифаҳои навро пеш мегузорад. Барномаҳои таълимиро ба талаботи замони муосир ва стандартҳои байналмилалии экологӣ мутобиқ созем. Сатҳи таҳқиқоти илмиро дар самти омӯзиши пиряхҳо, гидроэнергетика ва иқтисодиёти сабз баланд бардорем. Насли нави мутахассисони дорои тафаккури инноватсиониро тарбия намоем, ки қодир бошанд дар сатҳи байналмилалӣ аз номи илми тоҷик сухан гӯянд.
Раванди оби Душанбе барои илми муосир ҳамчун катализатори рушд хизмат мекунад. Он ба мо имкон медиҳад, ки иқтидори илмии донишгоҳҳоро бо равандҳои глобалии СММ пайваст намуда, дар амри таъмини амнияти экологии минтақа ва ҷаҳон саҳми арзишманд гузорем. Самтҳои муайянкардаи ин раванд барои солҳои дароз харитаи роҳи фаъолияти илмию таҳқиқотии мо хоҳад буд.
Раванди оби Душанбе барои мо олимони соҳа на танҳо як чорабинии ифтихорӣ, балки як масъулияти бузурги илмӣ мебошад.
Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор