НОБИНО БА КОРИ ХЕШ БИНО БУВАД

Дар шаби торик ба чароғ гаштани нобино қиссаест пандомуз, ки ба вазъи сиёсии имруза ҷавобгу аст. Агарчи пайравони ТТЭ ҲНИ даъвои ҳақталошӣ мекунанд, мардуми сулҳпарвар чароғи дониш ба даст пайи заҳмати ҳарруза ҳастанд.

    Ба мақсади рушди саноатисозии кишвар фаъолияти саноати коркарди куҳӣ ва нафту газ бояд вусъат дода шавад. Корҳои иктишофӣ оид ба дарёфти маълумоти дақиқи ҳолатҳои сарватҳои зеризаминӣ идома ёфта дар такя ба технологияи пешқадамӣ рақамӣ харитаи электронии конҳои нафту газ ва маъданҳои фоиданоки ҷумҳурӣ мураттаб гардад.  Дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ ин фаъолият ба роҳ монда шуда, таваҷҷуҳи сармоягузории хориҷӣ ба соҳа бештар гардад.

    Куҳсори Тоҷикистон аз лиҳози табиати нотакрор ва захираҳои табиӣ ҳануз пурра мавриди омузиш қарор нагирифтааст. Аз ин хотир, ҷоннок намудани фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва баҳраёбӣ аз илмҳои муосири геология, биология, экология ва технологияи коркарди нафту газ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ густариш дода шавад.

    Рушди туризми куҳӣ бо намудҳои гуногун дар Тоҷикистон идомаи басуръат ёфта, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд.

   Дар самти сиёсати хориҷӣ густариши муносибатҳои хайрхоҳона бо кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ ва Чину Афғонистон ба манфиати муштараки иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Ба хотири ҳамкориҳои илмӣ ва воқиф шудан аз дастовардҳои  илмию техникӣ иштирок дар конфронсҳои байналмилалии илмӣ барои ҳайати омузгорону магистрантҳо имконпазир гардад. Дар ниҳояти кор чунин амал ба вусъати ҷаҳонбинии аҳли илм гардида, заминаҳои илмию амалии донишгоҳҳои мамлакат мустаҳкам мегардад.

   Аз хатари зуҳуроти номатлуби ҷомеа ифротгароӣ ва терроризм  раҳоӣ ёфтани ҷавонон барномаи такмили фарҳанги сиёсӣ матраҳ карда шавад, ки асосҳои ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёдро фаро гирад.

   Оре, Ҷомӣ мефармояд:

Таъни нобино мазан, эй дам зи биноӣ зада,

З-он ки нобино ба кори хештан бино бувад.

Маҳинбону Қодирова, мутахасиси шуъбаи илми ДКМТ