АРСАИ ЭҶОД МЕБОЯД НА ГИРИФТОРӢ БА БЕГОНАГӢ …

     Эҳсос мешавад, ки ба домани таасуб гуруҳи тундгаро ҷавононро гирифтор мекунад. Мазҳабӣ шудани ҷомеа дар такя ба ақидаҳои бегона суръат  мегирад.

    Соиби Табрезӣ мефармояд:

Нестам оташ, ки ҳар хоре ба занҷирам кунад,

Офтоби бениёзам, то кӣ тасхирам кунад.

  Воқеан ҳам, хуршеди бениёзро наметавон гирифтори хурофоту таасуб кард. Ва танҳо ба хасу хор шабоҳат пайдо мекунад.

   Илмҳои табии имруза ба омузиши сарватҳои куҳистон ва зеризаминӣ машғул аст. Кӯҳсори мо ҳанӯз бикр аст. Фикр мебояд барои донистани асрори табиат, на тақлиди куркӯрона ба қиссаҳои хурофотӣ.

  Сангҳои қиматбаҳо, маъданҳои куҳӣ, маводи сохтмонӣ, маҳсулоти нафтӣ решаи иқтисод мебошад. Аз худ кардани ин бойигарӣ дониши амиқи техникӣ тақозо мекунад. Ба худою расул гуфтан, сарватҳои табиат худ ба худ домани моро пур намекунад. Ин чанде аз муллотарош аст, ки домани моро ба чормағзи пуч карда фасонапардозӣ мекунад:

   Ба маҳфиле ки хушомад фасонапардоз аст,

    Зи хоб давлати бедор барнамехезад.

Оре, ҳақ ба ҷониби Соиби Табрезӣ аст, ки маҳфили хушомад танҳо фасонапардозӣ аст. Карахти хоб мекунад.

    Физика, химия, математика, геометрия, биология барин фанҳои дақиқро аз овони мактабӣ дақиқ омухта шуълаи шавқро дар ниҳоди наврас бояд шуълавар намуд. Фазои солими ҷомеа дар ҳолате ба вуҷуд меояд, ки аз хурофоту таасуб ва мазҳабгароӣ раҳоӣ ёбем.

  Аз ин хотир то ҳол иддае аз пайравони наҳзати ислом байни ҷавонон тухми таасубу хурофот ва ақидаҳои мазҳаби бегонаро мекоранд.

    Сояи ҳар хорбун сайёди домафканда аст,

    Оҳуи мағрурро бингар, ки ғофил меравад.

Воқеан ҳам, зумрае ҷавонон дар ғояти таасубу хурофот ба ҳар ақидаҳои бегона  печида аз он ғофил мемонанд, ки ба доми гуруҳи тундгароёни исломӣ афтодаанд.

    Чеҳраи ҷавони имруза бояд кушода ва гиреҳе набояд бошад дар ҷабинаш. Ба дасту дили гарм пайи ободии Ватан шавад, ки таҳкимбахшии Истиқлолияти Тоҷикистон бешубҳа аз садоқат ва ҳиммати ҷавонон бастагӣ дорад.

                                                         Шоҳрух Туйчизода, омузгори ДКМТ