НАҲЗАТИЁН МАКТАБҲОИ БУЗУРГИ ТЕРРОРИСТИРО ГУЗАШТААНД!

Дар даврони истиқлолият кишвари азизамон ба як силсила дастовардҳои нодир ноил гардид, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳон  ҳатто инро интизор надоштанд. Зеро он шароити пас аз ҷангие, ки фазои мамлакатро фаро гирифта буд, намешуд пешгӯӣ кард, ки базудӣ кишвар роҳи созандагиву ободкориро пеш гирифта ба ин сатҳ мерасад. Албатта ин ҳама заҳматҳои Сарвари давлат буд, ки имрӯз мо дар чунин шароити сулҳу оромӣ ва ободӣ зиндагӣ менамоем ва меҳани азизамон рӯз аз рӯз рушд карда истодааст.

Бояд қайд кард, ки ин ҳама ба душманони миллат хуш наомад ва хоинон ба хиёнат кардан оғоз намуданд. Ҳарчанд мардуми тоҷик аз гуноҳи онҳо як маротиба чашм пӯшид, аммо хоинон боз даст ба хиёнат заданд. Маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ-ро давлатҳои хориҷӣ дастгирӣ мекунанд ва аз ҷиҳати молиявӣ таъмин менамоянд, вале бо кадом мақсад сармоягузорӣ карданашон андак суолбарангез аст. Зеро ҳеҷ як давлати хориҷӣ беҳуда ба як ҳизби сиёсӣ маблағгузорӣ намекунад ва агар сармоягузорӣ кард, ҳатман барои иҷрои барномаи махсусе. Ҳоло ки ТЭТ ҲНИ-ро хориҷиён сармоягузорӣ мекарданд, фақат барои амалӣ намудани як барнома буд. Яъне халалдор намудани ҳаёти осоиштаи мардум ва таъсир расонидан ба рушди иқтисодиёти кишвар. Барои ин корҳоро анҷом додан наҳзатиён аз хоҷагони хориҷияшон пул мегирифтанд ва ин ҳама хиёнатро ба Ватан ва миллати тоҷик раво медиданд. Зеро онҳо ягон зарра адлу инсоф надоштанд ва бо чанд пули пуч худро фурӯхта буданд.

Ҳоло бошад, дигар мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин барномаву амалҳои номатлубу ифротии ин тоифа огоҳ гардиданд, ки ин хеле хуб аст. Зеро наҳзатиёни аблаҳ аз тамоми усулҳову таҷрибаҳои гумроҳсозӣ истифода намуда, мехостанд мардумро ба таври комил гумроҳ намоянду фармони хоҷагонашонро иҷро кунанд. Онҳо ба хотири содиқ будан ба хоҷагонашон равияи шиаро, ки барои аҳли суннат раво нест, қабул намуданд. Ин боз аз он гувоҳӣ медиҳад, ки наҳзатиёни палид барои ба даст овардани пул аз дину шариат ҳам рӯй мегардонанд. Яъне аз фармудаҳои Худованд рӯй метобанд ва ин басо хатарнок аст. Аъзоёни ТЭТ ҲНИ  ҳарчанд таҷрибаи бузурги амалҳои террористиро доранд, аммо ҳаргиз ошкор намекарданд, ки террористӣ аршад ҳастанд. Вале имрӯз мо дидаистодаем, ки ин террористон чи тавр ба мардум ва ба Парвардигор хиёнат мекунанд. Онҳо аз дин истифода намуда, ҷавононро гумроҳ месозанд ва ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ҳамроҳ намуд. Магар ин терроризм нест?! Албатта барои ин амалҳои номатлубашон бояд наҳзатиён  ҷавоб гӯянд дар назди ҷомеа.  

Ҳамчунин маълумотҳое ҳам вуҷуд доранд, ки аз мактабҳои бузурги террористӣ гузаштани аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро дар давлатҳои хориҷа дар муҳлатҳои гунонуг тасдиқ менамояд.  Боз барои онҳое, ки аз думболи ин афроди ифротӣ мераванд чӣ лозим аст? Магар ҳамин далелҳо барои кӯр асо шуда наметавонад?!

                                                                                                        Парвизи Машҳур

                                                                                                          омӯзгори ДКМТ