ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: НАҲЗАТИЁН БО ИСТИФОДА АЗ ДИН МАРДУМРО ГУМРОҲ МЕНАМУДАНД.

Дар давоми чанд соли фаъолияташ ТЭТ ҲНИ тавонист тухми низоъ ва кинаву адоватро миёни ҷомеа ва миллатҳои гуногун барангезад. Аъзоёни ин ҳизби террористӣ барои амали намудани фармони хоҷагони хориҷияшон китобу маҷаллаҳои махсус ба табъ расонида тухми кинаву бадбиниро миёни ҷомеа паҳн менамуданд.

Онҳо аз миллатҳои гуногун ба манфиати хоҷаи хориҷияшон ном бурда, душманони хоҷагони хориҷияшонро ҳамчун душманони миллат муаррифӣ мекарданд. Чизи аз ҳама бад дар он аст, ки ин палидон аз дин ҳарф зада, миёни мардум тухми кинаву адоватро бармеангезониданд, ки ин амал комилан дар дини ислом маҳкум карда шудааст ва хилофи фармудаҳои китоби муқаддасти мусалмонҳост.

Лек ифротиёни наҳзатӣ барои гумроҳ намудани мардум ва махсусан ҷавонон ин амалҳои худро такрор мекарданд ва кӯшиш мекарданд, ки мардум ба дурӯғу афсонаҳои бофтаи онҳо, ки бо ҳадафи муайян иншо шудааст, бовар кунанд.

Наҳзатиён худро дар ҷое сиёсатмадор ва дар ҷойи дигаре донандаи хуби дин меҳисобиданд, ки дар асл аз ҳарду ҳам фарсахҳо дуранд. Он чӣ наҳзатиён аз дин медонанд ин чанд рафтори нодуруст ва бар хилофи мазҳаби мост, ки онҳо аз охундҳои худ омухтаанд. Дигар онҳо чизе аз дин  намедонанд ва он коре, ки мекунанд фақат ба хотири гумроҳсозии ҷомеа ҳасту халос.

Аммо имрӯз хуб шуд, ки ҷаҳониён аз ин рафтори нодуруст ва амалҳои номатлубу ифротии онҳо ҷаҳониён огоҳ гардиданд ва дер ё зуд он ба тамоми ҷаҳон ошкор хоҳад шуд.