Имрӯзҳо бараъло мушоҳида мешавад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ пас аз фирор намуданашон ба кишварҳои хориҷӣ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ҳамарӯза фаъолиятҳои ифротии худро равнақ бахшида, пайваста тариқи сомонаҳои ифротии худ матлабҳои иғвобарангезро ба нашр мерасонанд, ки амалест нобахшиданӣ. Зеро наҳзатиён аслан намедонанд, ки барои чӣ ва ба чӣ нияту мақсад ба хориҷа рафтаанд? Албатта, аз як ҷониб агар чунин вонамуд шавад, фирори наҳзатиён аз ҷониби дигар ин як лоиҳаи навбатии хоҷагони хориҷии онҳо мебошад, ки мехоҳанд дур аз Ватан нақшаи душманонаи хешро амалӣ гардонанд ва ҳамин аст, ки ин шабу рӯзҳо ба ҳамлаҳои иттилоотӣ гузаштаанд.
Лек наҳзатиёни манфур як чизро фаромӯш кардаанд, ки миллат низ дигар мисли солҳои 90-ум нест, ки найрангу ҳиллаи наҳзатиёнро нафаҳмаду дарк накунад ва имрӯз хуб медонад, ки ҳам раиси ТТЭ ҲНИ ва ҳам аъзоёнаш барои кӣ хизмат мекунанд? Ғуломи кадом хоҷаанд?
Яъне, ҳоло наҳзатиён бар иловаи ҳамин қадар ҷинояту разолаҳои содиркардаашон боз мехоҳанд, ки бар кишвар хиёнат намуда, ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд, ки ин бисёр ҳам хиёнати нобахшиданист ва бояд ҷомеа наҳзатиёнро сангсор намояд.
Зеро наҳзатиён бо ҳиллаву найранг ва макрҳои худ мехоҳанд ҷомеаро ба гумроҳӣ баранду мақсаду мароми хоҷагони хориҷияшонро амалӣ гардонанд, ки албатта мо мардуми кишвар ба ин чиз роҳ намедиҳем. Зеро хуб медонем, ки наҳзатиён як маротиба бо миллат ва кишвари мо чӣ кор карданд ва дигар бора ин хато такрор нахоҳад шуд.
М. Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ