М. САДРИДДИН РАВОНИЕ ДАР ОЛАМИ МАҶОЗӢ

Ҳамон тавре, ки маълум аст, имрӯзҳо аксарияти хоинони миллати тоҷик, махсусан аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар ба сар мебаранду бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад.

Ҳарчанд ин шабу рӯз яке аз чунин пасмондаҳои наҳзатӣ М. Садриддин дар сомонаи ифротии таъсисдодааш бо номи ислоҳ.нет талош мекунад, то иғвобарангезӣ намуда, ҷомеаро ба гумроҳӣ барад. Аммо М. Садриддин фаромӯш кардааст, ки миллат кайҳо боз аз фаъолияти пасипардагии ӯ огоҳ асту медонад, ки наҳзатиён барои кӣ хизмат мекунанд.

Аслан, худи М. Садриддин кист, ки аз номи миллат сухан мекунад?

Ҳамон нафаре, ки ҳатто 80 евроро беҳтар аз ҷанозаи падараш дониставу дар маросими бахоксупории падараш иштирок накардааст, чӣ тавр метавонад барои миллат хизмат кунад?

Магар мардум гулу гаранг аст, ки намефаҳмад, ки як ҷинояткор ва террорист чӣ хел мехоҳад бо истифода аз ислоҳ.неташ мардумро гумроҳ созад?

Ҷомеа хуб медонад, ки М. Садриддин бо истифода аз номи мардум мехоҳад, нақшаҳои хоинонаи хоҷагони хориҷияшро амалӣ гардонад ва ҳамин аст, ки ҳоло ба дасисбозӣ машғул гардидааст.

Лек миллати тоҷки чеҳраи аслии ӯро кайҳо шинохтаасту медонад, ки ин муздури наҳзатӣ М. Садриддин ғуломи халқабаргӯши кист?!

Некварз Маҳмудзода

омӯзгори ДКМТ