НАҲЗАТИЁНИ МИЛЛАТСӮЗУ КИШВАРДУЗД

Авзои сиёсии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта ба ҳамагон маълум буд ва аз кадом роҳ ба доираи сиёсии кишвар роҳ ёфтани наҳзатиён низ маълум аст. Ҳарчанд ТТЭ ҲНИ он рӯзҳо ғайриқонунӣ фаъолият мебурд, лек аз ҷониби аҳзоб ва созмону ташкилотҳои террористӣ сармоягузорӣ мешуд, ки аз ҳисоби ин маблағҳо наҳзатиён мардумро гумроҳ намуда, ҷанги шаҳрвандиро ташкил карданд, ки фалокати даҳшатборе барои миллат буд.

Ҳамон гуна, ки таърихнигорон менависанд, дар солҳои 90-ум наҳзатиён бо сармоягузорӣ ва роҳнамоии хоҷагони хориҷияшон, ки чанд давлатро ҳам ном мебаранд, бар алайҳи миллат мубориза бурда, баҳри нобуд сохтани ҷамъияти тоҷикон талош варзидаанд. Яке аз амалҳои бераҳмонаву нобахшидании содирнамудани наҳзатиён ин куштори бераҳмонии шаҳрвандони бегуноҳ мебошад, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад. Зиёда аз 160 ҳазор нафарро наҳзатиён ба қатл расонидаанд, ки ин бисёр ҳам аламовар мебошад. Ҳамчунин наҳзатиёни манфур дар чанд соли фаъолияти худ фақат равшанфикронро ба қатл расониданд, ки ин бисёр ҳам амали нангин аст. Дар ягон гӯшаву канори олам олимон, равшанфикрон, зиёиёнм пешқадамро ба қатл нарасонидаанд, ки инро наҳзатиён ба хотири пули хоҷагони хориҷияшон карданд.

Ногуфта намонад, ки гурӯҳҳои силоҳбадасти наҳзатиён солҳои 90-ум заводу фабрика ва хонаҳои мардумро ғорат намуда, оташ заданд, ки дар натиҷа 10 миллиард доллар хисороти моддӣ ба иқтисодиёти мамлакат расид ва ин ҳам ба дарозои таърих фаромӯш нахоҳад шуду инро ҳеҷ кас нахоҳад бахшид.

Хунхориву разолати наҳзатиёни манфур ва палидро ягон давр миллати тоҷик нахоҳад бахшид ва имрӯз ҳам ҷаҳониён ба ин миллаткшу кишвардӯзди наҳзатиён лаънат мехонанд.

Ҳоло, ки наҳзатиён дар хориҷ аз кишвар фаъолият мебаранду чандин созмонҳои ифротиро таъсис додаанд, то миллатро ба гумроҳӣ баранд, хаёли хому орзуи наҳс мебошад ва миллат аз ин нияти нопоки наҳзатиёни манфур огоҳ асту хуб медонад, ки аз ҷониби кӣ ин наҳзатиён маблағгузорӣ мешаванд.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ