ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: М. САДРИДДИН ҲАРЗАГӮИ ПАЛИД!

Чандест, ки дар сомонаҳои интернетӣ тӯҳматномаҳои М. Садриддин яке аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва хоини миллати тоҷик, душмани насли башар ва озодиву истиқлол ба нашр мерасанд, ки ягон ҳақиқат ва асоси воқеӣ надоранд. Зеро дар он навору матлабҳои омодакардаи Маҳмадиқболи палид, бештар дурӯғ истифода шудаасту мақсади муаллиф ҳам ба гумроҳӣ кашиданӣ ҷомеа мебошад.

Ҳамон гуна, ки маълум аст, аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз қабл ба хотири маблағҳои бештар гирифтан аз хоҷагони хориҷияшон ҳамарӯза фаъолиятҳои душманона бар алайҳи миллати тоҷик мебаранд ва доим кӯшиш мекунанд, то давлатдории тоҷиконро аз байн баранд. М. Садриддин аз зумраи ҳамон хоинонест, ки имрӯзҳо бар мавҷудияти давлати Тоҷикон мухолифат намуда, кӯшиш мекунад, мақсади нопоки хоҷагони хориҷияшро амали созад ва ба ҳамин хотир пайваста иғвобарангезиву дасисабозӣ мекунад. Лекин М. Садриддин набояд як чизро фаромӯш созад, ки миллати тоҷик кӣ ва чӣ будани наҳзатиёнро медонад ва ин ҳама ҳарзаҳои он хоинони наҳзатиро медонад ба хотири чист?!

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманонаи М. Садриддин душмани миллати тоҷикро комилан маҳкум намуда, бар ин палиди ватанфурӯш ва носипосу кӯрнамак лаънат мехонем!