Баргузории ҷаласаи муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо

 Имрӯз, ҷаласаи  ғайринавбатӣ дар назди муовини ректор оид ба илм, ииноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Умарчонов А.А. баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаи сатҳи омодасозӣ ба олимпиадаҳои фаннӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, амалӣ намудани Стратегияи рушди донишкада, ҷалби омӯзгорон ба китобхонӣ, фарогирии омӯзгорон бо китобҳои бадеӣ дар давраи таътили тобистона, омода намудани ҳисоботи шашмоҳа баррасӣ карда шуд ва ба масъулини раёсати илм ва инноватсия ҷиҳати иҷро дастуру супоришҳо дода шуд.