М. Садриддин аз минбари бешарафӣ дасисабозӣ мекунад

дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” (Бешарафӣ)

Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Сарвари азизамон рушд карда, рӯз аз рӯз ба ҳадафҳои стратегии худ наздик шуда истодааст. Аҳолии Тоҷикистон сиёсати дохиливу хориҷии Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, кӯшиш менамоянд саҳми худро дар рушди минбаъдаи кишвар гузоранд. Аммо шахсоне ҳастанд, ки ҳанӯз ҳам пешравии Тоҷикистонро дидан намехоҳанд ва мехоҳанд бо истифода аз тамоми воситаҳо барои рушди он монеа эҷод кунанд. Ин тоифаҳо бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷиашон ҳар гуна созмону паймонҳо ташкил намуда, дар амалисозии ҳадафҳои хоҷагонашон саҳм мегузоранд. Ба ин гуна афрод метавон як нафар хоинро бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин шомил намуд, ки бо тамоми ҳастии пасту палидаш нисбати Тоҷикистону мардумаш нафрат дорад. Нисбати ҷиноятҳои ин шахс ва хиёнатҳои ӯ чандин маротиба матлабҳо ба нашр расидаву табиати аҳримании ин иблис ифшо шудааст. Замоне қабл тариқи воситаҳои ахбори омма филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» намоиш дода шуд. Бори дигар мардум аз кирдорҳои ғайриинсонаи М.Садриддин огоҳӣ пайдо намуда, шахсияти ин палидро хуб шинохтанд. 
Муҳаммадиқболи Садриддин, ки даъвои ватандӯстиву адолат мекунад, бо ин мафҳумҳои муқаддас ҳеҷ алоқамандие надорад. Фаъолияти сиёсии оппозитсионӣ танҳо як намоиши ӯ мебошад. Дар асл бошад ҳадафи ӯ танҳо ба даст овардани бойигарист. Аз рӯи шоҳидии шахсони ба ӯ наздик, алалхусус ҳамсоягону шиносон маълум мешавад, ки ӯ як қаллоб буда, аз одамон садҳо ҳазор доллар қарздор будааст. Ба фаъолияти сиёсӣ даст заданаш ҳам танҳо як ҳадаф дорад: аз қарздорон фирор кардан ва онҳоро фиред додан. Барои ин гуна ашхос ҳеҷ муқаддасоте вуҷуд надорад. Фоидаи шахсӣ, даромади муфт ва дуздиву фиребгарӣ принсипҳои асосии ҳаёти М.Садриддин гардидаанд. 
Мардуми кишвар ватанфурӯшиву миллатфурӯшӣ ва мазҳабфурӯшии нерӯҳои зиддиконститутсионии дар хориҷи кишвар фаъолияткунандаро хуб медонанд. Ошкор шудани ҳолатҳои нави қаллобиву фиребгариҳои М.Садриддин барои мо навигарӣ ҳам нест. Чунки ин кор ва рисолати қаллобе мисли М.Садриддин мебошад! Ва мо боварии комил дорем, ки боз ҳолатҳои нави қаллобии ин аҳриман ошкор хоҳанд шуд. Зеро ин кор дар тинати ӯ нуҳуфтааст ва ин табиати ӯст. Аммо дар филми «Бешарафӣ» ҷиноятҳои нави хоинон ошкор шуд. Дар баробари ватанфурӯшӣ ин хоинон намуди нави тиҷорат-танфурӯширо низ аз худ кардаанд ва дар ин самт таҷрибаи бой низ доранд. Бо шунидани ин кирдорҳои ғайриинсонаи ҳамҷинсгароёнаи Муҳаммадиқболи Садриддин кинаву нафрати шахс нисбати ин ваҳшӣ боз ҳам дучанд мегардад. Ин нафар бо доштани чунин гузаштаи «рангин» бо қумондонҳои афғон ва ҳамҷинсгароияш боз даъвои мусалмониву имондорӣ мекунад. Дар ҳақиқат ин шахс ба ягон арзиш эҳтиром надорад. Бо ин ҳол ӯ худро насиҳаткунандаву даъваткунанда меҳисобад, ки шармандагии бениҳоят бузург аст. Наход ӯ фикр кунад, ки миллати куҳанбунёду суннатии тоҷик ба ин ҳамҷинсгаро ва қаллоб бовар мекунанд? Дигар тоҷикон ҳушёру зираканд. Ва ин гуна масхарабозоне мисли Муҳаммадиқболи Садриддин ин миллатро дигар фиреб дода наметавонанд. Ҷунбишу ҳаракатҳои мухолиф, ки дар хориҷи кишвар бо дастгирии бевоситаи молиявии дигар давлатҳо фаъолият мекунанд ва мақсади ноором кардани ҷомеаи моро доранд, қудрати дидани пешравиҳову комёбиҳои Тоҷикистонро надоранд ва бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд, ки ваҳдату ягонагии моро аз байн баранд. Ба ин хоинон ва душманони давлати Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфтанием, ки шумо ҳеҷ вақт муваффақ намешавед. Зеро мо мардуми Тоҷикистон шукри ҳаёти орому осуда ва давлати ободро карда, дар атрофии роҳбари хирадманди худ муттаҳидем. Қувваи мо дар ваҳдат ва ягонагист. Мо ҳамаи суханҳои туҳматомези туро маҳкум карда, гуфтанием, ки дар ҷавоб ба ин туҳматҳои шумо мо боз ҳам дар атрофии Пешвои миллат муттаҳидтар шуда, давлати худро ободу пешрафтатар мекунем. Ба шумо дигар муяссар намешавад ки бо суханҳои дуруғи худ ҷомеаи моро фиреб диҳед. Зеро мо ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст намедиҳем.

Облоқулов В.

омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон