Мусобиқаҳои варзишӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид

Мусобиқаҳои варзишӣ, ки аз рӯйи нақша-чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада байни дастаҳои Раёсат ва факултетҳои электромеханика, корҳои кӯҳӣ, металлургия  аз йи намудҳои волейбол, шоҳмот, тенниси рӯйи миз баргузор гардид, имрӯз ҷамъбаст шуд, дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи ҷавонон Муслимзода Хайём хабар дод.

Аз рӯйи намуди волейбол дастаи Раёсат сазовори ҷойи аввал, дастаи факултети металлургия  ҷойи дуюм, дастаи факултети электромеханика сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Аз рӯйи намуди мусобиқаи шоҳмот  аз дастаи  Раёсат Шербоев Муродҷон сазовори ҷойи якум, аз дастаи факултети металлургия  Ғоибов Алишер сазовори ҷойи дуюм ва Абдуламидов Н.  аз дастаи факултети электромеханика сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Аз рӯйи намуди тениси рӯйи миз  намоянда аз дастаи Раёсати донишкада  Шербоев Муродҷон сазовори ҷойи якум, Ҳайдаров Хуршед аз дастаи факултети металлургия сазовори ҷойи дуюм ва ҷойи сеюм насиби факултети корҳои кӯҳӣ гардид.

Дар рафти баргузории мусобиқа аз тарафи Иттифоқи касабаи донишкада барои иштирокчиёни мусобиқа кофе-брейк ташкил карда шуд.

М. Сайидзода