Вохӯрии муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова М.С. бо омӯзгорону мураббиёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вохӯрии муовини  ректор оид ба тарбия дотсент Аминҷонова Мавлуда бо мураббиёну омӯзгорони факултетҳои корҳои кӯҳӣ, электромеханика ва металлургия баргузор гардид, дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мутахассис шуъбаи тарбия Насриддинов Шаҳбоз иттилоъ дод.

Дар вохӯрии мазкур оид ба иҷроиши бандҳои Консепсияи миллии тарбия ва дигар нақша-чорабиниҳои бахши тарбия муовини ректор Аминҷонова М.С.  мулоҳизаронӣ намуда, таъкид намуданд, ки минбаъд фаъолияти масъулони бахши тарбияи факултетҳо беҳтар карда шуда, аз назорат аз болои донишҷӯён ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

 

Ҳамчунин, ҷиҳати пешгирии донишҷӯён аз амалҳои зишт ва риояи либоси ягона барои донишҷӯёну омӯзгорон низ масъалагузориҳо сурат гирифт.

 

Дар вохӯрии имрӯза сардори шуъбаи тарбия Азизов Қ.М. низ баромад намуда, ҷиҳати риояи ҷадвали навботдории омӯзгорон дар хобгоҳ изҳори назар намуд ва талаб намуд, ки минбаъд оид ба истифодаи телефонҳои ҳамроҳ бо донишҷӯён муносибати ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

М. Сайидзода