Ҷаласаи фаврии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз дар утоқи кории муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ҷаласаи фаврии назоратии ректори донишкада бо ширкати деканҳои факултет ва масъулони комиссияи қабул баргузор гардид. 

Ҷаласаро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, оид ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни донишҷӯён ҷиҳати наомадан ба донишкада бо мошини шахсӣ, оид ба тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, оид ба тарғибу ташвиқи ихтисосҳо, оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри сафарбарнамоӣ ба хидмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дод.