Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба донишкада 1000 адад адабиёт тақдим намуд

Дар оғози  соли 2023 Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба фонди китобхонаи илмӣ-электронии донишкада 1000 адад адабиёти бадеӣ тақдим намуд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот директори китобхонаи донишкада Ӯзбекова Баҳриниссо иттилоъ дод.

Пас аз тафтиши китобҳо, ки аксарияташ нодир ва нашри муосир мебошад, масъулони китобхонаи донишкада як гӯшаи нави адабиёти муосир ва гуногунжанрро барои донишҷӯён таъсис доданд. 

Ёдовар мешавем, ки китобхонаи донишкада дорои адабиёти фаровон буда, танҳо дар хазинаи китобхонаи электронияш зиёда аз 100 ҳазор гунаи электронии китобҳои илмӣ, пажӯҳишӣ ва бадеӣ мавҷуд аст.