Мулоқоти роҳбарияти донишкада бо намояндагони корхонаи заршӯии Зарафшон

Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон намояндагони корхонаи тиллои “Зарафшон” ташриф оварда, ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳо бо ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ мулоқот намуданд.

Дар ин вохӯрӣ ректори донишкадаро муовини ректор оид ба илм, инноватсияи ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов З.З. ва декани факултетит электромеханика Шамсиддинов Ш. ҳамроҳӣ намуданд.

Дар вохӯрии имрӯза ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро тақвият бахшида, баҳри пешрафти соҳа саҳмгузорӣ менамоянд.