Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат дар доираи форуми байналмилалии “Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ” дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили дӯстии байни миллатҳо, ҳамкории Донишкада бо донишгоҳу муассисаҳои олии Ҷумҳурии Корея, табодули таҷриба, омодасозии мутахассисони варзидаи соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав, технологияи мошинсозӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ширкатҳои Ҷумҳурии Корея, таъсиси марказҳои муосири касбомӯзӣ, тақвияти имкониятҳои иқтисоди сабз ва имзои як қатор созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва саноат баррасӣ карда шуд.
Таъкид карда шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хостори ҳамкорӣ бо донишгоҳу муассисаҳои олии бонуфузи кишварҳои дӯст мебошад ва дар ин самт аллакай гомҳои устувор бардошта шудааст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот аз дидор ва муколама изҳори хушнудӣ намуда, хостори тақвияти ҳамкориҳои бештар дар самти рушди соҳаи маориф ва саноат гардиданд.
Дар фарҷом, ректори Донишкада Давлатзода Давлат аз сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Сонг Шик даъват ба амал овард, ки ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф биоварад.
Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии Инчони Ҷумҳурии Корея ҳамкорӣ дорад ва ҳамзамон бо дигар ширкатҳои истеҳсолӣ низ тавофуқнома ба имзо расонидааст.
Шуъбаи иттилоот


