ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН НУРУЛЛОЗОДА ФАРИДУН ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНАНДАИ БЕҲТАРИН АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

Ширкат ва табодули таҷрибаи донишҷӯён дар озмуну чорабиниҳои омӯзишӣ, олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ яке аз усулҳои муҳим дар раванди таълим дониста мешавад. Донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси 36040203 – “электроникаи техникаи автомобилии факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Нуруллозода Фаридун дар озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ширкат намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.
Донишҷӯ Нуруллозода Фаридун зери роҳбарии сардори раёсати таълим дотсент Осими Оқил дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат варзид.
Ин дастоварди ҷумҳуриявиро ба кулли донишҷӯён ва ҳамкорон табрику таҳният мегӯем.
Шуъбаи иттилоот