БАРГУЗОРИИ ДАРСИ АМАЛИИ ДОНИШҶӮЁНИ ИХТИСОСИ МЕТАЛЛУРГИЯ ДАР КОМБИНАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати Донишкада ва баҳри татбиқи илм дар истеҳсолот, санҷиши донишҳои назариявӣ дар амалия донишҷӯёни ихтисоси металлургияи факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷикистон» дарси амалии худро зери роҳнамоии мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ Раҳимзода Ҳаёт баргузор намуданд.
Тавре дар боло қайд намудем, ҳадафи асосии баргузории дарсҳои амалӣ ин шиносоии донишҷӯён аз раванди коркарди металлургӣ, кори таҷҳизоти истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои коркарди металлҳо ва фаъолияти амалии мутахассисони соҳа мебошад.
Ёдрас мешавем, ки баргузории дарсҳои амалӣ барои донишҷӯён имконияти хуберо барои боз ҳам такмил додани донишу малакаҳои касбӣ фароҳам меоварад ва ҷиҳати зудтар азхуд намудани соҳа мусоидат менамояд.
Қайд бояд кард, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимӣ дар соҳаи саноат буда, бо фарогирии стандартҳои байналмилалӣ мутахассисони соҳаи металлургияро омода менамояд. Айни замон Донишкада ҷиҳати омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон бо зиёда аз 70 корхонаҳои саноатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Шуъбаи иттилоот