Мулоқоти муҳиму саривақтӣ бо донишҷӯён

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони донишкада мулоқоти муҳиму саривақтӣ бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Бӯстон Нурзода Мамнур оид ба рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди хештаншиносӣ ва эҳтироми волидайн, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бӯстон полковники милитсия Гардишзода Далер оид ба пешгирии қонунвайронкунии ҷавонон, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, нишон додани одоби намунавӣ, машғул шудан ба илмомӯзӣ, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба ширкат ба дарсҳо, омодагӣ олимпиадаҳо ва ватандӯстӣ, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда оид ба риояи қоидаҳои донишҷӯӣ, ширкати фаъол дар дарсҳо, истифодаи дурусти китобхона суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти мазкур ба донишҷӯён илҳом бахшида, дар баланд гардидани меҳандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ шавқ ба илму дониш мусоидат менамояд.

Шуъбаи иттилоот