Дар таърихи адабиёти миллати сарбаланди тоҷик шахсиятҳое ҳастанд, ки на танҳо бо осори гаронбаҳои худ, балки бо андешаҳои инсондӯстона ва фаъолияти ҷамъиятии худ низ дар қалби мардум ҷой гирифтаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста, адиби ҷаҳоншумул шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода мебошад. Дар ҷаҳон Мирзозода Турсунзода ҳамчун адиби тавоно, муборизи роҳи сулҳ, тарғибгари дӯстии халқҳо ва ҳомии арзишҳои инсонӣ шинохта шудааст. Осори ӯ саршор аз муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба инсон, дӯстии миллатҳо ва орзуи зиндагии осоишта мебошад. Аз ҳамин сабаб, Мирзо Турсунзодаро “вассофи сулҳу дӯстӣ” ном мебаранд.
Мавзуи сулҳу дӯстӣ дар тамоми эҷодиёти шоир мавқеи асосӣ дорад. Ӯ бо сухани пурмеҳр ва андешаҳои баланди инсонпарварона мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ, бародарӣ ва зиндагии осоишта даъват мекард. Шеърҳои ӯ имрӯз ҳам аҳамияти бузурги тарбиявӣ доранд ва ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, эҳтироми инсон ва ҳифзи сулҳ раҳнамоӣ мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки Мирзо Турсунзода соли 1911 дар деҳкадаи Қаратоғи шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Ӯ аз овони ҷавонӣ ба илму адаб шавқи зиёд дошт ва баъдтар ба яке аз чеҳраҳои маъруфи адабиёти тоҷик табдил ёфт. Фаъолияти адабии ӯ аз солҳои сиюми асри XX оғоз гардида, хеле зуд миёни мардум маҳбубият пайдо кард.
Турсунзода танҳо шоир набуд. Ӯ ҳамчун арбоби ҷамъиятӣ ва сиёсатмадор низ фаъолият дошт. Вай дар бисёр анҷуманҳои байналмилалӣ иштирок намуда, аз минбарҳои баланд мардумро ба сулҳ ва дӯстӣ даъват мекард. Ӯ бовар дошт, ки инсонҳо, новобаста аз миллату нажод, бояд дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд.
Хизматҳои ӯ дар рушди адабиёт ва таҳкими дӯстии халқҳо хеле бузурганд. Барои ҳамин ҳам номи ӯ имрӯз бо эҳтироми зиёд ёд мешавад. Дар Тоҷикистон бисёр муассисаҳо, кӯчаҳо ва ташкилотҳо номи Мирзо Турсунзодаро доранд.
Сулҳ яке аз мавзуъҳои асосии эҷодиёти Мирзо Турсунзода мебошад. Ӯ замоне зиндагӣ мекард, ки ҷаҳон ҷангҳои мудҳишро аз сар мегузаронид. Махсусан, Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба зиндагии мардум талафоти зиёд овард. Шоир бо дили пурдард аз ранҷу азоби инсонҳо сухан гуфта, мардумро ба зиндагии осоишта ҳидоят мекард.
Дар шеърҳои ӯ сулҳ ҳамчун неъмати бузург васф мешавад. Ба ақидаи шоир, бе сулҳ на саодат ҳасту на пешрафт. Ӯ мехост, ки кӯдакон дар осмони соф зиндагӣ кунанд, мардум бо меҳру муҳаббат кору зиндагӣ намоянд ва кишварҳо бо ҳам дӯст бошанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими эҷодиёти Турсунзода дар он аст, ки ӯ сулҳро танҳо барои як миллат не, балки барои тамоми башарият мехост. Ӯ дар бисёр шеърҳояш аз дӯстии халқҳои ҷаҳон сухан мегӯяд. Ин андешаҳо махсусан дар достонҳо ва шеърҳои машҳури ӯ равшан ба назар мерасанд.
Шоир бар он назар буд, ки ҷанг ба инсон танҳо ғаму андуҳ меорад, аммо сулҳ зиндагиро обод мекунад. Аз ин рӯ, ӯ тамоми умр барои таҳкими сулҳ талош варзид ва бо сухани таъсирбахши худ мардумро ба роҳи некиву инсонпарварӣ ҳидоят намуд.
Дӯстӣ низ дар осори Мирзо Турсунзода ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ дӯстии байни халқҳоро яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа медонист. Ба андешаи шоир, агар инсонҳо бо ҳам дӯсту бародар бошанд, ҷаҳон орому обод мегардад.
Дар шеърҳои Турсунзода муҳаббат ба инсон хеле равшан ифода ёфтааст. Ӯ тамоми мардумро фарзандони як ҷаҳон меҳисобид. Барои ҳамин ҳам дар эҷодиёти ӯ идеяҳои бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бисёр ба назар мерасанд.
Шоир ба кишварҳои гуногун сафар карда, бо адибон ва мардумони дигар миллатҳо вохӯрдааст. Ин сафарҳо ҷаҳонбинии ӯро боз ҳам васеъ намудаанд. Ӯ бо чашми худ медид, ки мардумони ҷаҳон новобаста аз забону фарҳанг орзуи яксон доранд: зиндагии осоишта ва хушбахтӣ.
Дар бисёр шеърҳои ӯ дӯстии тоҷикон бо дигар халқҳо васф шудааст. Ин андешаҳо барои тарбияи ҳисси эҳтиром ба миллатҳои дигар аҳамияти калон доранд. Хусусан имрӯз, ки ҷаҳон ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ниёзи бештар дорад, осори Турсунзода боз ҳам арзишмандтар мегардад.
Муҳаббат ба Ватан дар тамоми ашъори Турсунзода эҳсос мешавад. Ӯ Тоҷикистонро бо тамоми ҳастӣ дӯст медошт ва зебоиҳои онро бо суханони ширину таъсирбахш тасвир мекард. Дар шеърҳои ӯ кӯҳҳои сарбафалак, дарёҳои мусаффо ва табиати нотакрори диёр бо меҳри зиёд васф шудаанд.
Шоир Ватанро ҳамчун макони сулҳу дӯстӣ тасвир менамояд. Ӯ мехост, ки Тоҷикистон ҳамеша ободу осуда бошад ва мардумаш дар фазои ягонагӣ зиндагӣ кунанд. Аз ин рӯ, дар эҷодиёти ӯ ватандӯстӣ бо сулҳпарварӣ пайванди зич дорад.
Турсунзода ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва хизмат ба халқу мамлакат даъват мекард. Ӯ бовар дошт, ки ояндаи миллат аз донишу фарҳанг ва ваҳдати ҷавонон вобаста аст.
Имрӯз, низ осори Мирзо Турсунзода аҳамияти худро гум накардааст. Ҷаҳони муосир ба сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ниёзи дорад. Дар чунин шароит андешаҳои инсонпарваронаи шоир барои тарбияи насли ҷавон хеле муҳим мебошанд.
Шеърҳои ӯ ҷавононро ба меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми дигарон раҳнамоӣ мекунанд. Осори Турсунзода дар мактабҳо омӯхта мешавад ва барои баланд бардоштани маърифати маънавии хонандагон нақши муҳим дорад.
Паёми асосии шоир ин аст, ки инсон бояд бо дигарон дар сулҳу дӯстӣ зиндагӣ кунад. Ин андеша имрӯз ҳам барои тамоми инсоният арзиши бузург дорад
Мирзо Турсунзода яке аз бузургтарин адибони тоҷик мебошад, ки тамоми умри худро ба хизмати мардум, сулҳ ва дӯстии халқҳо бахшидааст. Ӯ бо эҷодиёти пурмазмун ва фаъолияти ҷамъиятии худ дар қалби мардум ҷойгоҳи хос пайдо кардааст.
Осори ӯ мардумро ба зиндагии осоишта, муҳаббат ба инсон ва эҳтироми миллатҳо даъват мекунад. Аз ҳамин сабаб, Мирзо Турсунзода ҳамчун “вассофи сулҳу дӯстӣ” машҳур гардидааст.
Мо, бояд осори ин шоири бузургро омӯзем, аз андешаҳои неки ӯ сабақ гирем ва барои ҳифзи сулҳу ваҳдат кӯшиш намоем. Зеро сулҳ неъмати бузургест, ки зиндагии хушбахтонаи инсонро таъмин мекунад.
Шаҳбоз Насриддинов
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

